Абдулҳамид Самад (1947-)


Зиндагинома

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зодаи деҳаи Шикоргаҳи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мебошад. Маълумоти миёнаро дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ гирифтааст. Соли 1965 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад. Соли 1969, баъди хатми донишгоҳ, ба идораи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба кор меояд ва бо роҳнамоиҳои рӯзноманигорони шинохтаи чумҳурӣ фаъолият менамояд. Ин ҷо ба як гурӯҳ ҷавонони хушзавқу боистеъдод чун Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ мепайвандад ва аз донишу таҷрибаи устодони матбуот баҳравар мешавад.

Абдулҳамид Самад муддати даҳ сол (1977-1987) дар шӯъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст. Ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1987-1988), ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» (1989-1990), сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1990-1993) буд. Аз соли 1993 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти адабӣ. Аввалин маҷмӯаи А. Самад «Шохи чанор» (1987) ном дорад. Нависанда худ ёдовар шудааст: «Китоби нахустинро, ки аз ҳикояҳои навшогирдонаам мураттаб шудааст, бо умед… «Шохи чанор» ном ниҳодаам, зеро ба арзиши як шохаки дарахти наср хидмат кардан низ хушбахтист…» Адиб дар паҳлӯи навъҳои хурди насрӣ ба эҷоди асарҳои калонҳаҷм шурӯъ мекунад ва нахустин повесташ «Баъд аз сари падар» (1979) ном мегирад.

Абдулҳамид Самад, ҳамчунин, муаллифи маҷмӯаҳои «Паррончакҳо» (1983), «Пиёлаи шикаста» (1985), «Аспи бобом» (1986), «Косаи давр» (1987), «Майдон» (1989), «Акаи ошиқ» (1992), «Шаҳдрези садо» (1997), «Талош» (2002) мебошад.

Абдулҳамид Самад мақолаҳои публитсистӣ ва сафарномаҳо низ таълиф кардааст. Аз ҷумла, мақолаҳои адиб оид ба ҳаёт ва эҷодиёти нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов («Устоди наср»), суханварони тоҷик Мирзо Турсунзода («Ифтихори миллат»), Фазлиддин Муҳаммадиев («Ҷони одам»), Ғоиб Сафарзода («Уқобе буд») ва Сайф Раҳимзод («Пайроҳа ва дунёи Сайф») таълиф гардида, пурмӯҳтаво ва фарогиранд.

Соли 2000 нашриёти «Суруш»-и Теҳрон маҷмӯаи осори Абдулҳамид Самадро бо номи «Баъд аз сари падар» ба табъ расонд. қисми зиёди ҳикояву қиссаҳои нависанда ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Баъзе қиссаю ҳикояҳояш ба забонҳои англисӣ, украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, эстонӣ, литвонӣ ба табъ расидаанд. Нависанда як қатор қисса ва ҳикояҳои А.П. Чехов, А. Несин, С. Залигин, Н. Дунбадзе, Г. Тютюнник барин адибони маъруфро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. А. Самад соли 1990 барои қиссаҳои «Баъд аз сари падар» ва «Аспи бобом» ба Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ сазовор гардидааст.

Давраи аввали эҷодиёт. Аз қадамҳои нахустин дар соҳаи адабиёти бадеӣ диққати Абдулҳамид Самадро масъалаҳои ахлоқии ҷомеа, ҳастии инсон ва маънавиёти муосирон ба худ ҷалб намуд. Дар ҳикояҳои «Мурофиа», «қарз», «Субҳ медамид», «Мактаби шоҳтут», «Модар», «Хаёли ширин», «Шикор», «Эҳтиёт» ва ғайра мураккабиҳои табиати инсон ва чеҳраи зоҳирию ботинии он мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтаанд.

Ҳикояи «Мурофиа» чунин оғоз меёбад: «Хишир-хишири чизе ба торҳои асаби Мурод нохун зад. Вай ба паҳлуи дигар гашта, сарашро бо кӯрпа пӯшонд. Не, садо боз гӯшашро харошид. ӯ чашм накушода хост зану бачаҳояшро коҳиш диҳад (ӯ ҳамин хел одат дошт), ки намемонанд ором хоб равад. Вале аз чӣ бошад, лаби кӯрпаро поин тела дода, чашм кушод. Нигоҳаш ба шифти дӯдаолуди хона бархӯрд ва пай бурд, ки дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст».

Хонанда аз сархатти аввалин ба макони воқеа («шифти дудаолуди хона», «дар шаҳр не, дар деҳа хоб рафтааст») ва баъзе хислату одатҳои қаҳрамони ҳикоя («хост зану бачаҳояшро коҳиш диҳад») шинос мешавад ва пай мебарад, ки Мурод дар зиндагӣ шахси собитқадам ва масъулиятнок нест.

Нависанда дар ин ҳикоя масъалаи доғи рӯз – суст шудани пайвандҳои оилавӣ ва хешутабориро бардоштаст ва ин масъалаи муҳими иҷтимоиро дар мисоли амалиёту муносибати Мурод ба модар, бародар ва ҳамқишлоқиён воқеӣ ва самимӣ нишон додааст. Мурод аз хурдӣ чун бачаи нозпарвард ба воя расид, баъд дар шаҳри Душанбе хонду дар яке аз мактабҳои олии Душанбе муаллим шуд ва дигар ба деҳа барнагашт. Мурод хислатҳои дурӯғгӯӣ, нокорагӣ ва ваъдабозӣ дорад, ба майнӯшӣ дода шудааст. Бинобар ин дар байни ҳамдеҳагон ва дӯстон эътиборашро гум кардааст.

Табиати номувофиқ ва рафтори номатлуби Мурод аз ҷониби модараш ва бародараш – Даврон маҳкум мешаванд: «Ака, одам, ки аз меҳнат битарсад, дастаи бела каҷ мегӯяд, сад баҳонаи дигар меёбад. Ҳунарат, ки ҳамин буд, чиба ҳаваси олимшавӣ кардӣ? Ту дар шаҳр мегардиву маломат ба сари мо мерезад».

Махсусан, суханҳои талху ҷонкоҳи модар Муроди чилсоларо ба фикру андеша водор мекунанд. Аз ҷумла, чунин суханҳои модар: «сабилмондаро камтар бинӯшӣ, намешавад?», «бемеҳр шудаӣ», «раис васият кард, ки ба ҷанозааш Зокиру худата хабар накунанд», «мардака фиребҳои туву беномусиҳои Зокир ғамбемор кард», «мулоимхунукӣ кардӣ, аз ту умедам ин набуд», «раис ба ту чӣ бадӣ карда буд, ки дар чашмаш хок пошидӣ, дурӯғ гуфтӣ» Муродро маҷбур кард, ки ба худ ояд, тамоми амалҳои ношоистаашро пеши рӯ орад ва ақли солимро ба кор андозад. Мурод, ки дар ниҳодаш андаке ҷавҳари инсонӣ монда буд, аз суханҳои модар, бародар ва муомилаи ҳамдеҳагон хулосаи муфид бароварда тавонист. Ҳикоя бо тасвири ҳолати пуршиддати рӯҳии Мурод ба анҷом мерасад: «Мурод айнакашро рӯйи каф гузошта бархесту берун баромад. Вуҷудашро ларзише фаро гирифта буд. Ба гумонаш аз паси ҳар дарахт, дару девор ҳамсояҳо ба ӯ менигаранду ришханд мезананд. Вай бо сари хамида бел дар даст боғ даромад ва ду навниҳолро решакан карда гирифту ба фарози теппа, ба сӯйи мазор, ба зиёрати оромгоҳи раиси Усмон роҳӣ шуд. ӯ мисли касе, ки дар мурофиа1 бо тамоми айбҳояш иқрор карда бошад, гунаҳгорона қадам мезад».

А. Самад асарҳои калонҳаҷм низ навиштааст ва нахустин қиссаи нависанда «Баъд аз сари падар» (1979) мебошад. Дар қисса масъалаҳои худшиносӣ ва ҳимоя намудани шарафи инсонӣ бардошта шудааст. Мундариҷаи асар гуфтаи Сайидои Насафӣ – Бепадар фарзанд помоли маломат мешавадро тақвият медиҳад. Ҳаёти хушу хурсандонаи қаҳрамони асар – Хусрав баъд аз марги падар дар хонаи тағояш – Аҷик тамоман тағйир меёбад. ӯ ҳамагӣ ҳашт моҳ дар хонаи тағояш зиндагӣ кардааст. Вале дар муддати кӯтоҳ каду баст, тарҳи рӯ ва муносибати писарак ба одаму олам ба куллӣ тағйир меёбад. Хусрав дар деҳаи нообод ва камодами тағояш мефаҳмад, ки баъзан ширинсуханӣ ва хандаву меҳрубонӣ ҳам ниқобе барои пинҳон доштани хислатҳои разилонаву манфури инсон мешудааст.

Писарак ҳис мекунад, ки баъд аз сари падар бори масъулияти оила ва нигаҳбонии он ба дӯши ӯ афтодааст ва ба ин санҷиши тақдир бояд мардона тоб оварад: «Ту агар бачаи нангу номусдор бошӣ, хонаи падаратро напарто, обод нигоҳ дор. Чароғи хонаи падарата доимо даргирон, ки рӯҳаш шод шавад, одамҳо ба ту раҳмат бигӯян», - гуфтани модари Хусрав – Маҳингул вазифаи ҳар як фарзандро баъди марги падар муайян мекунад.

Хусрав дорои ахлоқи ҳамида ва ҷаҳонбинии солим мебошад ва рафтору кирдори одамони гуногунро дар тарозуи ақлу хирад бармекашад. Саргузашти Хусрав барои ҳар як наврас ибратомӯз аст.

Такмили тасвир. Бо қиссаҳои «Ҳавои тирамоҳ» ва «Рӯдапо» давраи сифатан нави тасвироти А. Самад оғоз меёбад. Дар ин қиссаҳо ва «Сарлашкар» барин асарҳояш муносибати образҳо ба муҳит ва ҳаёти воқеӣ равшан эҳсос мешавад. Нависанда бар он аст, ки зиштӣ, худпарварӣ ва дигар амалҳои бади одамон натиҷаи муносибатҳои номувофиқи иҷтимоӣ мебошад. Дар қиссаи «Сарлашкар» ба воситаи ҷузъиёти пурзарофат характери мардуми деҳот ҳунармандона офарида шудааст. Масалан, занҳои деҳа дар кӯча қомати баланду сурати зебои Султонро дида чунин муҳокима меронданд:

«-- Лекин беваи сарсахт якта зоиду зӯр…

-- Аҳ нагӯ… Худо ҳамин хел як писари баҷигарат диҳад, бас аст. Чӣ лозим одамсурати човасару каҷалапои зиёд?

-- Рост. Худо лоиқ донист гуфта, ҳай зоидаму зоидам, -- нолишомез ба сӯҳбат шарик мешуд дигаре. – Азоби сага кашида ба воя расондам, ки як рӯз даст мегиранд, ба дардам дармон мешаванд. Шукронаи ҷоншон, ки ғайр аз ташвишу саргардонӣ то ҳол ба хона сари хас наоварданд…

– О, диламро наков, ки халтаи зардов аст, – бо ҳасрат мегуфт дигаре. – Бо чӣ умеду орзу як лахт гӯшта одам кардам. Тамоми дороиямро ба хоку об зада, аҷинасареро додамашу дар балои азим гирифтор шудам».

Эҷодиёти А. Самад анаъанаи насри ҳазорсолаи тоҷикро давом дода, дар ифодаи ҳолатҳои рӯҳии табақаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиб гузоштааст.

Қиссаи «Паррончакҳо»

Мӯҳтавои қисса. Зиндагӣ ва фаъолияти донишҷӯёни мактабҳои олӣ мавриди тасвири нависандагоне чун Сорбон (ҳикояи «Панҷ сол»), А. Самад (қиссаи «Паррончакҳо») ва Б. Абдурраҳмон (романи «Дунёи сабзи ишқ») қарор гирифтаанд. «Паррончакҳо» (1982) нахустин қиссаи бадеист, ки шахсияти донишҷӯёнро дар ҷомеа ошкор месозад. Дар маркази қиссаи «Паррончакҳо» воқеаҳои рӯзгори нависанда, ки дар Донишгоҳи омӯзгории пойтахт аз сар гузарондааст, қарор гирифтаанд. А. Самадов рӯзгори донишҷӯйии хешро ба зиндагии донишҷӯёни дигар умумият дода, як силсила образҳои хотирмон офаридааст.

Қисса аз ХIV боб иборат буда, бо маъракаи имтиҳоноти дохилшавӣ дар яке аз мактабҳои олии Душанбе оғоз мешавад ва дар он воқеаҳои яксолаи таҳсили донишҷӯён мавриди тасвир қарор мегиранд. Воқеаҳо дар асоси фаъолияти ду гурӯҳи донишҷӯён сурат меёбанд. Ба гурӯҳи аввал Наим, Насим, Раҳматшоҳ, Гулсоро дохил мешаванд, ки рафтору омоли ибратомӯз доранд. Ба гурӯҳи дуввум қайсу Раҳимбек, Паканаву Сӯҳроб ва Латофату Назокат шомиланд, ки акси гурӯҳи аввал амал мекунанд. Миёни ин ду гурӯҳ зиддият мавҷуд аст ва ин зиддият тамоми мундариҷаи асарро фаро гирифтааст.

Образҳои асар. қаҳрамони марказии қисса Насим ном дорад. Вайро ҳамкурсон «писари раис» меноманд. Ҳол он ки ӯ ҷавонест, ки аз падару модар барвақт маҳрум монда, дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтааст. Насим бо хоксориву меҳнатдӯстӣ ва муомилаи хушу рафтори некаш дар байни ҳамсабақон эътибор дорад. ӯ ҳақиқатҷӯ аст. Дар синфхона аз ҳамсабақон қафо менишинад ва ҳеҷ гоҳ донотарошӣ намекунад. Вале ҳангоми дифоъ аз ҳамсабақон ва ҳаққу ҳуқуқи худ фаъол аст. Насим бо хоксорӣ, бамулоҳизагӣ ва ширинзабонӣ намунаи ибрати ҷавонони охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI тоҷик мебошад.

Дар қисса ба доншҷӯйи дигаре шинос мешавем, ки Наим ном дорад. Наим донишҷӯйи фаъол ва ҳақталош аст, бинобар ин нависанда ӯро ба сифати ноқил ва ровӣ1 истифода кардааст. Мавқеи Наим дар ҳаллу фасли масъалаҳои ахлоқи ҷавонон аз Насим кам нест. Бесабаб нест, ки ҳамаи задухӯрд ва низоъҳои қисса аз рӯйи мушоҳида ва дарку фаҳмиши ӯ ҳал мегарданд. Наиму Насим чун донишҷӯёни ҳалиму меҳрубон, меҳнатдӯсту бомаърифат, хоксору инсондӯст ба муқобили донишҷӯёни фориғбол, қаллобону муфтхӯрон ва мансабпарастон амал мекунанд.

Раҳматшоҳ низ ба Насиму Наим ҳамтақдир аст. Тафовути Раҳматшоҳ он аст, ки ӯ рӯзгордида буда, зану фарзанд дорад ва миёни донишҷӯёни дигар чун дӯсти калонсолу таҷрибадида эътироф мешавад. Хонанда ба ин образ дертар шинос гардад ҳам, зуд ба он унс мегирад. Нависанда Раҳматшоҳро ба муқобили қайсу Раҳимбек барин донишҷӯёни бадрафтор ва беандеша мегузорад. Раҳматшоҳ чандин маротиба ба ин ду ҳамдарси авбошу майзада ва нопокаш ба муноқиша медарояд. Дар ин ҳолатҳо суханҳои ӯ бо далелҳо ва муҳокимаҳои мантиқӣ тақвият меёбанд:

— Ошно, ба панҷаи ман нигар. – Раҳматшоҳ дасти росташро сӯйи Раҳимбек дароз кард. – Дидӣ, панҷ ангушт баробар нест… Масалан, раиси Шоҳназари моро аз деҳқон фарқ кардан мушкил. Дар ҷойҳои ношинос шофирашро раис гумон карда, аз ӯ боло мешинонанд. Лекин парво намекунад. Гавҳари одам аст раиси Шоҳназар. Бачаҳош ҳам, аҳли аёлаш ҳам доимо ҳамроҳи мардум кор мекунанд.

— Бачаҳош кор мекунанд? – ҳайратомез пурсид Раҳимбек.

— Бале. Кор ҳеҷ каса намекушад.

— Эҳа, падарам раис бошаду дар зери офтоби сӯзон кор кунам? Ин ҳеҷ ҷои таъриф надорад. Раис беҳунар аст. Ҳм, як рӯз бошу хурӯс бош!

— Ана, дидӣ, оншо! – гӯё чизи аҷиберо кашф карда бошад, ба ваҷд омад Раҳматшоҳ. – Ту ҳам аз раиси мо фарқ доштаӣ. Ҳамаи мо, яке аз ҳисоби мардуму кисаи давлат дасткушод, дигаре мумсик, яке ба ҷое нарасида ҳавобаланд, дигаре соҳиби мансабу боз хоксор, яке доро, дигаре нодор… Ин чиз ҷойи баҳс надорад, ошно, -- оромона ба сӯҳбат нуқта гузошт Раҳматшоҳ.

Мутолиаи қиссаи «Паррончакҳо» хонандаро ба чеҳраҳои соҳибэҳтироме, мисли Абдукаримамак, муаллим Ҳакимӣ, завҷаи Абдукаримамак, раиси Шоҳназар ошно месозад, ки ин гурӯҳ бо хислатҳои наҷиби инсонӣ, бо  ахлоқи пок ва рӯҳи қавии худ метавонанд инсонҳои навро низ тарбият намоянд. Наим ду сол боз дар шаҳр дар хонаи амакаш Абдукарим зиндагӣ мекард. Дар ин хона барои ӯ тамоми шароит муҳайё буд. Завҷаи Абдукаримамак ба Наим дилсӯзу меҳрубон буд. Наим иқрор мешавад, ки дар деҳа ҳатто аз модараш чунин ғамхориро надидааст. Вақте ки Наим баъди донишҷӯ шудан дар хобгоҳ зиндагӣ кардан мехоҳад, ӯро аз нияташ гардонданӣ мешавад:

– Хонаи мо ба дилат зада бошад, ин гапи дигар. – Янгаам илтиҷоомез ба амакам нигарист, дар чашмони ӯ аллакай ашк ҳалқа зада буд. – О ман туро аз ягон фарзандам кам намедонам –ку, - гуфт ӯ ва бо гӯшаи рӯймол оби чашмонашро поккунон илова кард: - Хобгоҳ барои бачаҳои бекасу роҳдур лозим. Ту хонаи алоҳида дорӣ, нону хӯрок доим муҳайё… Натарс, дигар намегузорам, ба ягон кор даст расонӣ…

Нависанда дар се варақи аввали боби VI образи завҷаи Каримамакро чунон воқеӣ ва ҳунармандона офаридааст, ки хонанда мафтуни табиати ҳалиму муносибати оқилонаи ин зани сабзинаи чилсола мегардад.

Дар «Паррончакҳо» чун қайс, Раҳимбек, Латофат, Назокат, Пакана, Нурик, Сония, Ҳикмати ландаҳӯр як қатор симоҳои манфӣ фаъолият доранд, ки дар муҳити ҷомеаи солҳои 80-ум рӯзгор дошта, ба ҳаромиву ифлосӣ, разиливу нобакорӣ, қотиливу хиёнат даст мезананд. Аз ҷумла, тасвири симоҳои манфури Латофату Назокат барин духтарони айшу ишратпараст ба мақсад мувофиқ аст. Дар тасвири нависанда ин духтарҳо ба донишҷӯ монанд нестанд ва моҳияти зиндагиро танҳо дар зару зевар, сару либос ва айшу ишрат медонанд. Латофат ба либос чунон рағбат дорад, ки «мабодо дар тани духтаре ҳамранги либоси худашро бинад, бедимоғ, дилтанг, ҳатто хашмгин мешаваду дуюмбора он пероҳанро намепӯшад». Ӯ дар ҳама ҷо – ҳам дар хона, ҳам дар кӯча ва ҳам дар донишгоҳ танҳо аз дороию сарват ҳарф мезанад ва аз тӯҳфаҳои пурқимати падари давлатманду ҳаводорони тамаъкораш курта –курта гӯшт мегирад. Латофат дар синфхона ангуштарини навашро ба дугонаҳояш чунин намоиш медиҳад:

– Додом тӯҳфа кард… Ҳоло бибию бобокалони ҳеҷ кас ин хелашро надидааст. Нигинаш алмос, тиллояш холис. – ӯ чунин тез гап мезад, ки нафас дар гулӯяш мепечид. – Акнун шашта шуд. Дута дар ин ангуштам. Нархи ҳамаи инҳо, - вай панҷ ангуштарияшро нишон дод, - ба ин баробар намешавад… Як мошин… мошини одӣ ҳам не, як «Жигулӣ» аст…

Табиист, ки чунин ҳарисӣ ва кӯтоҳандешӣ Латофату Назокатро бо роҳи номатлуб мебаранд ва онҳо дар худи соли авали таҳсил ба бадбахтӣ гирифтор мешаванд. Нависанда ба муқобили ин навъи духтарон чеҳраи ибратангези Гулсороро офаридааст, ки ба пешрафти маънавиёти духтарони донишҷӯ мувофиқат мекунад.

Забони «Паррончакҳо» равону пуробуранг буда, ба хонанда ҳаловат мебахшад. Ҳам сухани нависанда ва ҳам нутқи персонажҳо бо зарофат омезиш ёфта, басо дилнишину хотирмон садо медиҳанд. Порчаҳои шеърӣ, суханҳои ҳикматнок ва мақолу зарбулмасалҳо боиси такмили мундариҷаи асар гардидаанд. Махсусан истифодаи бомавриди ҷузъиёти бадеӣ баёнро мӯъҷазу рехта намудааст. Нависанда бо чанд ҷумлаи содаи ҳикоягӣ муносибати мухталифи ҳамкурсонро ба хабари ба дарс ҳозир шуда натавонистани устод Ҳакимӣ ба таври амиқ нишон додаст: «Латофату Назокат аз ин хабар шодона қарсак заданд. Онҳо дарҳол сумкаҳоро ба китф ҳамоил карда, нӯг-нӯги по берун баромаданд. қайсу Раҳимбек дунболи онҳоро гирифтанд. Баъд носкашу сигареткаш паи ҳам аз синф баромаданд. Танҳо Насим аз болои китоб сар намебардошт. Гулсоро рӯи муқоваи дафтараш сурати кафтар мекашид. Ин шуғли доимии ӯст».

Агар ҷузъҳои «қарсак задан», «нӯг-нӯги по берун баромадан», «дунбол гирифтан» фориғболӣ ва кӯтоҳандешии Лутфияву Назокат ва қайсу Раҳимбекро таъкид намоянд, пас ҷузъҳои «аз болои китоб сар набардошгтан» ва «дар муқоваи дафтар сурати кафтар кашидан» ба масъулиятшиносӣ, бекинагӣ ва инсондӯстии Насиму Гулсоро ишора доранд.

Ба ҳамин тариқ, повести «Паррончакҳо»-и Абдулҳамид Самад асари зарурӣ ва ҷолиб мебошад. Хонандаи имрӯз, махсусан ҷавонон, аз фаъолияту рафтори Насиму Наим ва Раҳматуллоҳу Гулсоро ибрат мегирад, донишу маърифат меандӯзад ва аз амалҳои ношоями қайсу Раҳимбек ва Латофату Назокат афсӯс хӯрда, ин тоифаи нангбори миллатро бад мебинад.

Дида шуд: 12


2020 SHOIR.TJ