Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 32

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳеҷ шаб тири ғамат бар дили шайдо нарасад,

Ки фиғонам ба маҳ, оҳам ба Сурайё нарасад.

Он, ки васли ту з-имрӯз ба фардо андохт,

Дорам уммед, к-аз имрӯз ба фардо нарасад.

Санг бар синазанон мераваду нолакнон

Сел аз он бим, ки ногоҳ ба дарё нарасад.

Аз дами пир талаб чошнии ишқ, ки баҳр

Рашҳи ӯ бе мадади абр ба саҳро нарасад.

Меҳнати бодия каш, гар ҳаваси Каъба кунӣ,

Кас бад-ин айши муҳанно ба таманно нарасад.

Ҳиммати хеш қави дор, ки мурғи дили ту

Ҷуз бад-ин бол ба сарманзили анқо нарасад.

Нафхи рӯҳулқудус аз ҳар мутанаққис маталаб,

Нузли ин файз ҷуз аз хони Масеҳо нарасад.

Ҳар чӣ дар вақт расад, бош ба он хуш, Ҷомӣ,

К-он чӣ дар пардаи ғайб аст, расад ё нарасад.

Дида шуд: 240