Ғазал аз Абдураҳмони Ҷомӣ 4

Муаллиф: Абдураҳмони Ҷомӣ

Биё, эй соқии маҳваш, бидеҳ ҷоми маи рахшон

Ба рӯи Шоҳ Абдулқосим Муиззуддавла Бобурхон.

Шаҳаншоҳи фалакмаснад, ки зад аз давлати сармд

Қадам бар тораки Фарқад, алам ба  торами Кайвон.

Рухаш оинаи дилҳо, лабаш ҳаллоли мушкилҳо,

Кафаш дарёву соҳилҳо зи мавҷаш қулзуми эҳсон.

Зи боғи ҷоҳи ӯ ин зангорагун гулшан,

Зи қасри қадри ӯ хиштест ин фирӯзаранг айвон.

Чу дорад хулқи дарвешона бо оини султонӣ,

Гадои ҳазрати ӯянд, агар дарвеш, агар султон.

Таманнои камоли мадҳаташ кардам, хирад гуфто:

Манеҳ пои амал з-ин беш берун аз ҳади имкон.

Зи назми дилкаши Ҷомӣ  суруди базми ӯ бодо

Навои ишрати боқӣ, навиди айши ҷовидон.

Дида шуд: 419

2020 SHOIR.TJ