Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,
Чу ёри мувофиқ бувад дар барат.
Ҳама рӯз агар ғам хурӣ, ғам мадор,
Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
Киро хона ободу ҳамхоба дӯст,
Худоро ба раҳмат назар сӯи ӯст.
Чу мастур бошад зани хубрӯй,
Ба дидори ӯ дар биҳишт ояд шӯй.
Дида шуд: 272