Дар сақфи майкадаи «Фароғат»

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ба ин майхона гар Хайём ояд,

Ба дасте шеъру дасте ҷом ояд,

Бинӯшад соғаре саршору сархуш

Забон дар ҳамди ин даврон кушояд,

Ки оре, ҳар чӣ хоҳӣ, ҳасту лекин

Сафи риндон чаро кам менамояд?

Ҳама оғӯши худ бикшояд осон,

Дили худро чаро кам мекушояд?

 

* * *

Аз он дунё агар Хайём ояд

Ба ин майхонаи кошию гулрез,

Бинӯшад ҷоми моломолу гӯяд:

– Нигаҳ дорад худо аз дарди парҳез.

Бирақседу бибӯседу бинӯшед,

Ки ин ҷо ҷои баҳси мову ман нест.

Шумо шоҳид, ки ҳозир омадам ман,

Дар он дунё буфету рестаран нест...

Дида шуд: 209