Ҳар чӣ натвон аз забони хеш гуфт,
Метавон гуфт аз забони ину он.
Безабонтар нест аз шоир касе,
Гар нагӯяд шарҳи дарди дигарон.
* * *
Гар кунӣ таҳрир эҷоди адиб,
Кай кунӣ таҳрир бунёди адиб!?
* * *
Сахт душвор аст шоир сохтан,
Сахт осон аст шоир бохтан.
Дида шуд: 205