Дар фарсангсорҳо

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Агар дониста пои худ гузорем,

Ҳамин раҳ мебарад то дур моро,

Агар не, рост беному нишоне

Ҳамин раҳ мебарад то гӯр моро.

 

* * *

Аз ҳамин раҳ умри мо хоҳад гузашт,

Бехудӣ ё бехудо, хоҳад гузашт.

 

* * *

Онҳо, ки ба роҳи умр танҳо монданд,

Ҳар сӯй давиданду ба як ҷо монданд.

 

* * *

Дар ҷодаи рост каҷравон бисёранд,

Дар ҷомаи дӯст душманон бисёранд.

 

* * *

Дар ҷодаи зиндагӣ чи наздику чи дур,

Ҳозир бикунад ҳузуру ғоиб – маъзур.

 

* * *

Маҳҳо гузаранду моҳ монад боқӣ,

Эй бас гузаранду роҳ монад боқӣ.

 

* * *

Дар ҷодаи зиндагӣ чунон ки донӣ,

Бепир марав, ки беҷавонӣ монӣ.

Дида шуд: 205