Аз санги диёр баҳраҳо ҳам бурдем,
Дар санги диёр пешпо ҳам хурдем.
* * *
Аҷаб расмест расми одамизод,
Ки ҳар дам мекунад як нағма эҷод.
Яке дар қулла ҷӯяд ошёна,
Дигар аз қулла ҳезум мекашона(д).
* * *
Андар сафи пеш паскашон ҳам дорем,
Аз кӯҳи баланд хаскашон ҳам дорем.
* * *
Ҳар кӯҳи баланд дар сараш раҳ дорад,
Ҳар дастдароз дасти кӯтаҳ дорад.
* * *
Як кӯҳ ба кӯҳи дигаре гуфт – Ало,
То чанд ба ҷой бошӣ, бархезу биё!
* * *
Ин қиссаи кӯҳҳо дароз аст, эй дӯст,
Ҳар қулла чу гардани фароз аст, эй дӯст.
* * *
Барфи сари кӯҳ ҳам шавад об охир,
Эй номи баланд, хешро ёб охир!
Дида шуд: 203