Дар санги мазори падарам

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Падарам, рафтӣ чу ту бар дили хок,

Дар дили ман ғаму андӯҳи ту монд.

Кӯҳу саҳро, ки қадамгоҳи ту буд,

Ҳамчу саҳрои туву кӯҳи ту монд.

 

Чашмат аз гӯр ба сӯям нигарон,

Дар сурудам шабаҳи рӯҳи ту монд.

Дили маҷрӯҳ бибурдию ҷаҳон

Баҳри ман чун дили маҷрӯҳи ту монд...

Дида шуд: 245