Туро бо чанд сурат офариданд
Ҳама сураткашон бо килки мумтоз.
Яке монанд бар солори деҳа,
Дигар монанд бар деҳқони колхоз.
Ту якто будию якроҳу якрӯ,
Зи ту сад Ҳофизи дигар кашиданд.
Ба сар дастор, рише то ба зону,
Ба сад рангу ваҷоҳат офариданд.
Намедонанд, бояд лек донанд,
Ки тасвират нагунҷад дар гумонҳо.
Паи тасвири ту бояд бихонанд
Тамоми қудсиёнро з-осмонҳо.
Чунон ки бозгӯ кардан наёрад
Сурудатро ба олам тарҷумоне,
Чу назмат дар ҳама давру замонҳо
Ба асли хештан қоим бимонӣ.
Дида шуд: 198