Рӯдакӣ кӯр буд ё бино? –
Баҳси донандагони ҳоли ӯст.
Шеъри ӯ лек дар ҳама айём
Чашми бинои ӯ, камоли ӯст.
Шеъри устод ҳолномаи ӯст.
Дар шигифтам зи баҳси олимҳо:
Ҳар кӣ кӯр аст, кӯр бишморад,
Ҳар кӣ биност, хонадаш бино...
Дида шуд: 195