Дар минбар

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Эй шумо, ки нотиқони минбаред,

Аз Сисерон[1] ҳам шумо нотиқтаред.

Иқтибос аз дигарон бишнидаем,

Иқтибос аз ақли худ ҳам оваред!

 

Дастро бардошта сӯи само

Ҳар гаҳе ки нутқи бурро мекунед,

Аввал андешед, баъди анҷуман

Гуфтаҳои хеш иҷро мекунед?

 

[1]. Сисерон – нотиқи Руми қадим.

Дида шуд: 203