Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 458

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Аё бузургу фанонопазир, эй модар!

Аё бузургпадар, асли тору пуди писар!

 

Чи бозтоби шигифте, ки номи тифлатро

Ба ифтихори ситамгар гузорӣ Искандар?

 

Ба сад ғурур ниҳӣ номи кӯдакат Темур,

Ки барфарохт ба ҳар ҷо манораҳо аз сар?

 

Бимонӣ кӯдаки маъсуми хешро Чингиз,

Ки шаҳрҳои туро кард хоку хокистар?

 

Кунун ниҳодаӣ (эй вой) МЭЛС-у Уктобир,

Чӣ гӯямат, ки забонам зи бун канӣ, беҳтар!

 

Надорӣ фахр, ки номи Куруш бигзорӣ,

Ба кӯрият чӣ бигӯям мисоли равшантар?!

 

12.3.1996

Дида шуд: 214