Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 456

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Охир аз дунёи холӣ бигзарам,

Аз хилоли безаволӣ бигзарам.

 

Сар ба гардун суда, сӯи хоки паст

Бо ҳама армони олӣ бигзарам.

 

Чун Сияҳмӯ кард рӯзамро сиёҳ,

Доғ дар дил чун Ҷалолӣ бигзарам.

 

Гӯри танг аз тангсолӣ бад, ки нест,

Дилгазон аз тангсолӣ бигзарам.

 

Эй замони сангдил, бар хоки ман

Хоҳ нолӣ ё нанолӣ, бигзарам.

 

Маргро нозам, зи пучистони даҳр

Бар ҷаҳони лоязолӣ бигзарам.

 

9.3.1996

Дида шуд: 207