Ақрабакҳои соат

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ақрабакҳои соати дастат

Соате баъд рӯ ба рӯ оянд.

Баъди саргаштагии кӯтоҳе

Боз оянду роз бикшоянд.

 

Ақрабакҳо чу рӯи ҳам оянд,

Аз ҳасад гӯӣ бо дили афгор:

Ҳаҷри онҳо чӣ қадр кӯтоҳ аст,

Мерасад баъди соате дидор.

 

Бишмарӣ ҳар дақиқаро хомӯш,

Бишмарӣ рафтани ҷавониро.

Бишмарию биёварӣ бар ёд

Тарҳи симои навҷавонеро.

 

Даст доду надод ӯ дилро,

Монд дар нимароҳ ишқатро.

Монд дар чор сӯ умедатро,

Ним пайдову ним нопайдо.

 

Монд дар сафҳаҳои албомат

Сурату номаҳои ӯ танҳо.

Номаҳо гашта зарду афсурда,

Ҳарфҳо кӯру ҷумла нохоно.

 

Лек онро азиз медорӣ

Чун гуноҳи дили хатокарда.

Чун нишони умеди нашкуфта,

Ҳаққи лабҳои бӯсаозурда.

 

Меравад рӯз, шом меояд,

Ҳамчу санг аст зери сар болиш...

Мехурӣ печ, мекунӣ аз қаҳр

Содагиҳои хешро коҳиш.

 

Аз ҳасад гӯӣ худ ба худ гоҳо

Ақрабакҳо чу рӯи ҳам оянд:

Ҳаҷрашон зуд бигзарад, зеро

Гирди як тир роҳ паймоянд...

12.2.1966

 

* * *

Ман он сайёди гӯлу сода будам,

Ки ту чун моҳӣ лағжидӣ зи дастам,

Тамоми рӯз биншастам ба соҳил,

Ба уммеде, ки бозоӣ ба шастам.

 

Шино кардӣ ба дарёи булӯрӣ,

Ба оби пок чун номуси одам.

Шино кардию аз ман дур рафтӣ,

Шудӣ бо мавҷҳо ҳамрозу ҳамдам.

 

Аз он пас мисли каҷкӯли қаландар

Дилам аз давлати дидор холист.

Диле, ки як замоне базмгаҳ буд,

Диле, ки худ намедонист ғам чист.

 

Диле, ки андар ӯ раҳму таассуф

Зиёд аз ишқу меҳру ошноист.

Диле, ки шафқати ӯ, раҳмати ӯ

Ба ҳар ҳоҷатталаб гӯё худоист.

 

Диле, ки ҳеҷ кас нашносадаш зуд,

Ба як дидан шуморад санги хоро.

Вале бо ӯ чу як дам унс гирад,

Биёбад олами шавқу таманно.

 

Бубинед олами поку мубарро,

Ҷавонӣ, ҳақталошӣ, нангу номус.

Диле, ки шӯълааш гарчанд хурд аст,

Нагардад хира мисли моҳ дар рӯз...

 

Аз он пас дом чидам, рахт бастам,

Шино кардам ба дарё аз паи ту.

Ба соҳил монд танҳо доми холӣ,

Нишони нобарории такопӯ.

 

Шино кардам ба дарё мисли моҳӣ,

Биёмухтам забони моҳиёнро.

Мани хокӣ шудам обӣ зи савдо,

Зи савдое, ки сӯзад ошиқонро.

23.2.1966

Дида шуд: 209