Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Қолиб тиҳӣ созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав, беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Ду дида Ҷайҳун доштам аз марги армонҳои халқ,
Рав, оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун[1] беш буд,
Он реги ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
8.1.1995
[1]. Истифода аз ин дубайтии мардумӣ:
Фалакро бин, чи зулми нораво кард,
Туро аз ман, маро аз ту ҷудо кард,
Ғами олам ҳама реги биёбон,
Фалак барчиду бар домони мо кард.
Дида шуд: 235