Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 404

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Халқи фарзонапараст шуда девонапараст,

Дода дурдона зи каф, шуда анбонапараст.

 

Халқи «Шаҳнома»-навис шуд сияҳноманавис,

Дода хуршед зи каф, шуда таҳхонапараст.

 

Халқи ҳурмуздпараст бинигар, дуздпараст,

Шамъу парвонапараст шуда ҳарвонапараст.[1]

 

Завқи афлокписанд бинигар хокписанд,

Табъи ҷононапараст бинигар чонапараст.

 

Мулки деворбаланд шуда кӯтаҳдевор,

Кохи шоҳонапараст шуда вайронапараст.

 

Огаҳат мекунем, эй мардуми аз худ ғофил,

Бишунав нуктае аз Лоиқи паймонапараст:

 

Борҳо гуфтамат, эй пури фулон, худро ёб,

Ту ба афсуни саге хондиям афсонапараст.

 

Рӯзе аз хеш нишон ҷӯӣ, наёбӣ гарде,

Эй ту бегонапараст, эй ту бегонапараст...

 

11.11.1993

 

[1]. Ҳарвона – шиканҷа.

Дида шуд: 196