Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 402

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Бод дар кафат монда – ҷурми боданӯшиҳо,

Сахтият ба сар омад – узри сусткӯшиҳо.

 

Раъд бар сарат ғуррад, бод бар дарат шӯрад,

Худ ба худ фиғон дорӣ – ҳосили хамӯшиҳо.

 

Пухтагон ҳама бурданд пухтаҳои полизат,

Норасида мондастӣ – бори хомҷӯшиҳо.

 

Охирин калӯшатро мебаранд аз поят

Баски достон астӣ дар даҳонкалӯшиҳо.

 

Мокиёни куркатро мепаранд гунҷишкон –

Заъфи бехурӯсиҳо, заъфи бехурӯшиҳо.

 

Арғувони боғатро додаӣ ба хастабъон,

Бо вуҷуди урёнӣ боз айбпӯшиҳо?..

 

Қарздорӣ аз ҳар саг устухоневу лекин

Мекунӣ ба ҳар ҷое устухонфурӯшиҳо...

 

9.11.1993

Дида шуд: 196