Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 363

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Дидан ҳама касрову надидан – назари мост,

Чидан ҳама гулрову начидан – самари мост.

 

Бори ҳама айём кашидан ба сари дӯш,

Бори дили худро накашидан – ҳунари мост.

 

То манзили хуршед расидан ба муҳобо,

Бар манзили мақсад нарасидан – сафари мост.

 

Нодида, надониста давидан ба сӯи уфқ,

Аз худ қадаме ҳам нараҳидан – зафари мост.

 

Дар ишқ ба сад лоф тапидан зи ғами ёр,

Дар хуни дили худ натапидан – асари мост.

 

23.12.1989

Дида шуд: 206