Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 356

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Кош бинам шӯриши дилдодагиҳои туро,

Бо мани озодадил озодагиҳои туро.

 

Кош бинам дар миёни ин ҳама печидагӣ

Мисли шеъри содаи худ содагиҳои туро.

 

Кош тақдири дилам ёбам на тасхири дилам,

Омаданҳои туро, омодагиҳои туро.

 

Ман ки ошиқбораам, бодо, ки бинам рӯ ба рӯ

Аз хумори ишқ ошиқборагиҳои туро.

 

То дилам дар кӯи ту муҳтоҷу зор афтодааст

Ман набинам кош рӯҳафтодагиҳои туро.

 

30.5.1988

Дида шуд: 204