Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 332

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

То дилфурӯз омад ишқи дубораи мо,

Дар осмон дурахшид аз нав ситораи мо.

 

Рамзошнои ишқем он қадр, к-аз сари сӯз

Дил метапад шабу рӯз аз як ишораи мо.

 

Он қадр дилпарастӣ кардем, то бидидем

Мо пора-пораи дил, дил пора-пораи мо.

 

Мо ошиқему ошиқ, бо ишқи дардҳояш

Ҷунбондаанд гӯӣ бас гоҳвораи мо.

 

Бигзор, пур шавад шаҳр, ин шаҳри хоколуд

Аз розҳои пинҳон ё ошкораи мо.

 

Холӣ мабод, эй кош, аз сӯзиши худодод

Дилҳои пурмуҳаббат ё пуршарораи мо.

 

1986

Дида шуд: 196