Ҳасрат

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Кӯр шуд роҳ миёни ману ту,

Канда шуд ҳалқаи пайванд дигар.

Баъд аз ин роҳ ба манзил набарад,

Баъд аз ин роҳ дигар, банд дигар.

Кӯр шуд роҳ миёни ману ту.

 

Ману ту ҷуфти кабӯтар будем.

Хандаю гиряи мо бо ҳам буд.

Лона дар шохи дарахт аст ҳанӯз

Монда ҳайрону парешон ба сукут.

Ману ту ҷуфти кабӯтар будем.

 

Ману ту ғунчаи як гул будем.

Ҳасрато, чашм расид, сармо зад.

На ба фарқи гияҳи бесуде,

Аз раҳи рашку ҳасад бар мо зад.

Ману ту ғунчаи як гул будем.

 

Зиндагӣ омадану рафтанҳост,

На баҳорем, ки такрор шавем.

На худоем, ки бе будани худ

Ба нафасҳои ҳама ёр шавем.

Зиндагӣ омадану рафтанҳост.

 

Аз ману ту на нишонест ба роҳ.

Ҳамчу бӯи гулу ҳамчун парвоз

Як нафас сайр намудему халос,

На зи анҷом ва на аз оғоз

Аз ману ту на нишонест ба роҳ.

 

Панҷаам шонаи мӯҳоят буд.

Хандаам буд суруди шодӣ.

Нигаҳам нусхаи дил буду аз он

Ҳар чӣ мехост дилам, мехондӣ.

Панҷаам шонаи мӯҳоят буд…

16.5.1965

* * *

Ошиқам ба сари афрохтае,

Ки ба хокӣ буданаш афлокист.

Ошиқам бар лаби хандон, ки дар он

Хандаи пурҳияли шайтон нест.

 

Ошиқам бар каси бедастархон,

Ки ба худ ҳар чӣ надорад, дорад.

Зарбу тақсим накарда, пешат

Ҳар чӣ дорад, ба кафаш меорад.

 

Ошиқам бар нигаҳи содаю пок,

Ки ба худ акс кунад сафҳаи дил,

Гӯяд аз дарду ғамаш, бешу камаш.

Ошиқам бар гунаҳи бегунаҳон,

Ки беҳ аз некии зиштон бошад.

 

Ошиқам бар дили бедоғи ҷавон,

Ки чу ашёи гаронмояи дорулосор

Фақат аз дур бубинию нагирӣ бар даст,

Лек як рӯз бубинӣ, ки на ону на чунон...

 

Ошиқи ҳамраҳи хубам, ки ба раҳ

Хешро ҳар нафас аз нав созад.

Хешро ҳабс насозад дар худ,

Бикушояд дили худро чу китоб

То дили ҳамсафарон бишносад.

 

Ошиқам бар каси якрӯя, ки ӯ

Ҳамчунон мор напартояд пӯст,

Шиканад ҳам, зи сари мардӣ нарезад ҳаргиз.

Ошиқам бар бадие, ки паи некӣ бошад,

Ошиқам,

Варна ба дунё дигарам бастагӣ нест!

17.5.1965

Дида шуд: 203