Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 324

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ту маро бедаступо кардию рафтӣ,

Синаамро ғамсаро кардию рафтӣ.

 

Аз балои ногаҳон тарсида будам,

Коре бадтар аз бало кардию рафтӣ.

 

Ман сазовори дилат дил доштам, лек

Бо дили ман носазо кардию рафтӣ.

 

Хостам бо ишқи ту бар худ расидан,

Ту маро аз ман ҷудо кардию рафтӣ.

 

Бехудиҳои туро гирад худо кош,

Ки маро ҳам бехудо кардию рафтӣ.

 

Хонаи чашмат пур аз хушоба бодо,

Ки маро обу адо кардию рафтӣ.

5.3.1985

Дида шуд: 198