Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 306

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Эй басо дидам касон шоиртарошӣ кардаанд,

Шеърро нашнохта, баҳсу талоше кардаанд.

 

Ошно нобуда бо дарди замону зиндагӣ,

З-ошноӣ бо сухан даъвои оше кардаанд.

 

Ҷои бӯса бар рухи дӯшизаи шеъру сухан

Хомаро аз хомӣ наққоши хароше кардаанд.

 

Гавҳаре н-ороста бар қомати шеъри Аҷам,

Гавҳари поки варо сарфи маоше кардаанд.

 

Гар сухан бояд шарар бахшад ба чашми мардумон,

Ин касон бар чашми мардум хокпошӣ кардаанд.

 

14.12.1984

Дида шуд: 205