Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 304

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ду раҳсозему раҳпаймо – ману дарё, ману дарё,

Ду ҳамроҳему ду танҳо – ману дарё, ману дарё.

 

Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кӯҳӣ,

Ба поинҳо аз он боло – ману дарё, ману дарё.

 

Ман аз вай шӯр мегирам, вай аз ман шеър мегирад,

Ду пуршӯрему пурғавғо – ману дарё, ману дарё.

 

Дили ӯ масти тӯфонҳо, дили ман масти туғёнҳо,

Ду сармастему пурсавдо – ману дарё, ману дарё.

 

Ғазал мехонад ӯ, ман ҳам, фиғон месозад ӯ, ман ҳам,

Ду шоир, ду дили шайдо – ману дарё, ману дарё.

 

На парвои маломатҳо, на парвои сиёсатҳо,

Ду девона, ду бепарво – ману дарё, ману дарё.

 

Ба ёди ёр менолем – ёри орзуҳомон,

Ду маҷнунем дар саҳро – ману дарё, ману дарё.

 

Гаҳе дар худ намегунҷем, меҷӯшему мешӯрем

Ба қасди соҳилу маҷро – ману дарё, ману дарё.

 

На боки садди раҳ дорему на бок аз халалгорон;

Ду ҷӯёи раҳи фардо – ману дарё, ману дарё.

 

Ба чандин ранҷу тобу таб суруди зиндагӣ дар лаб

Давонем аз пайи дунё ману дарё, ману дарё...

 

19.7.1984

Дида шуд: 216