Ушшоқи Душанбе

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Сафои рӯҳ дорад рӯи гулҳои шафақтобаш,

Нидои кӯҳ дорад нолаи дарёи Варзобаш.

 

Барои ошиқон месӯзаду дил зинда медорад

Чароғони фурӯзонаш ва ё чашмони бехобаш.

 

Ҷавониҳои халқи ман дар ин шаҳр асту мебинам

Зи гулгашту хиёбону чанористони шодобаш.

 

Пушаймонхурдае бошӣ ва ё дилмурдае бошӣ,

Зи ғам хурдан биосоӣ, агар хурдӣ маи нобаш.

 

Душанбе шаҳри беҳамтост, зеро гоҳвори мост,

Ки қадри ишқ медонанд дилҷӯёни ноёбаш.

 

Душанбе – шаҳри ободон, Душанбе – шаҳри озодон.

Ба рағми пирӣ мешӯрад ҷавонию табу тобаш.

 

30.12.1982

Дида шуд: 243