Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 236

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Мо низ дар замони худ дилдода будаем,

Мафтуни холу хатти худодода будаем.

 

Бо он ҳама ғурури ҷавонӣ, ки доштем,

Дар хоки остонае афтода будаем.

 

Дар пеши чашми масти ӯ лолу фалакзада,

Аз дур ишқнома фиристода будаем.

 

Дар рӯ ба рӯ чу кӯдаки ҳайрону музтариб,

Аз дур дар балои ӯ омода будаем.

 

Бо он ҳама наҷобату ошӯби хуни гарм

Бисёр содадил ва ё худ сода будаем.

 

1982

Дида шуд: 256