Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 213

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ними умрам дар ғами сарвода[1] рафт,

Ними дигар дар ғами дилдода рафт.

 

Қисмате аз содагӣ дар хурду хоб,

Қисмате дар ёди ҳусни сода рафт.

 

Порае дар навбату дар интизор,

Порае бераҳбару беҷода рафт.

 

Қитъае дар маҷлису баҳси абас,

Қитъае бо ман ба раҳ афтода рафт.

 

Киштаи умрам агар барбод шуд,

Киштии шеърам ба баҳри бода рафт.

18.6.1981

 

[1]. Сарвода – шеър.

Дида шуд: 202