Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 207

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ҷилва кардӣ чун шарар, ёдат ба хайр!

Рафтӣ аз мо як саҳар, ёдат ба хайр!

 

Фӯтае нобаста худ, бигзоштӣ

Фӯтаҳомон дар камар, ёдат ба хайр!

 

Як гуле аз сад гулат нашкуфта буд,

Эй баҳори мухтасар, ёдат ба хайр!

 

Аз раҳи уммеди пайвандони худ

Рафтӣ мисли раҳгузар, ёдат ба хайр!

 

Парда нобардошта аз чеҳрае,

Шуд қазоят пардадар, ёдат ба хайр!

 

Хушк шуд уммедҳоят аз ҷаҳон,

Мову ин чашмони тар, ёдат ба хайр!

12.3.1981

Дида шуд: 258