Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 194

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Муддате пеши ту қимат доштам,

Давлати бахти ғанимат доштам.

 

Зиндагиям бо муҳаббат зинда буд,

То даме бо ту муҳаббат доштам.

 

Сидқи ман ҳам соф буд пеши ҳама

То ба ту меҳру садоқат доштам.

 

Буд то дар ман қиёми ишқи ту

Дар дилам шӯри қиёмат доштам.

 

То насибам сафҳаи рӯи ту буд,

Дар ғазалсозӣ маҳорат доштам...

 

Қоматам хам шуд зи бори дарди ту,

Кас намедонад чи қомат доштам.

 

Осафо, дардо, дареғо, ҳасрато,

Ки замоне бо ту қисмат доштам!

15.10.1980

Дида шуд: 201