Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 174

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода,

Гиреҳҳои диламро баҳри ту бикшода-бикшода.

 

Гиреҳ мебандӣ абрӯро, ки дар корам гиреҳ афтад,

Зи кӯят меравам бо бори ғам афтода-афтода.

 

Чу оям бар дарат, аз қаҳр бебаргу барам созӣ,

Равӣ чун сарви озод аз барам озода-озода.

 

Ғазал гуфтам барои ту, дағал гуфтию бигзаштӣ,

Ба ман додӣ ғазалҳои маро нодода-нодода.

 

Тамоми умр масти бода будам, эй хушо як бор

Шудам масти ду чашми масти ту бебода, бебода.

 

Вале ту меравӣ, эй содарӯ, мағрури ҳусни худ, –

Ба ними роҳ мемонам мани сода, мани сода...

31.3.1980

Дида шуд: 212