Ғазал аз Лоиқ Шералӣ 44

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ҷони инсон ташнаи фатҳу кушоиш будааст,

Рӯҳи инсон ташнаи мадҳу ситоиш будааст.

 

Пир беш аз кӯдаки гаҳвора ғашён мекунад,

Одамӣ якумр муҳтоҷи навозиш будааст.

 

Тифл меёзад ба сӯи моҳ дасти кӯчакаш,

Тифли инсон нест, балки тифли хоҳиш будааст.

 

Пирии марде агар бошад ҷавонии хирад,

Пирии марди дигар як дарзаи риш будааст.

 

Баҳри он, ки дар сафар аз обгардиш хаста шуд,

Ёди оби кишвари худ обсозиш[1] будааст.

 

Баҳри онҳое, ки норозистанд аз зиндагӣ,

Ҷанг бо ҳамсояи худ низ шӯриш будааст.

 

Аз ғаму дарди камию костиҳои ҷаҳон

Ҷони шоир ҷовидон маҳкуми коҳиш будааст...

 

29.4.1977

 

[1]. Ин калима бар вазни обгардиш сохтаи ман аст ба маънои мутобиқат ба олами ғайр (аклиматизатсия). Муаллиф.

Дида шуд: 239