Пазмонӣ

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Фасли баҳор омад, гул дар канор омад.

Бо сад ҳазор рангу нақшу нигор омад.

Ман ошиқи ту будам,

Ман лоиқи ту будам.

 

Дарё чу ёри пазмон бӯсад лабони соҳил,

Аз сина меравад дил, девона мешавад дил.

Ман ошиқи ту будам,

Ман лоиқи ту будам.

 

Дар шабнами саҳаргаҳ ҳар сабза рӯй шӯяд,

Ҳар ҷой гул бирӯяд, номи туро бигӯяд.

Ман ошиқи ту будам,

Ман лоиқи ту будам...

1982

Дида шуд: 205