Во ҷавонӣ!

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ба рӯи раҳ гули пажмурда дидам,

Лагадмол асту менолад ниҳонӣ:

Замоне зеби кокул будам, акнун...

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

 

Бидидам нонпар аз боли кабӯтар

Ба дасти модарам, бо безабонӣ

Ба рӯи нон зада ҳар гоҳ мегуфт:

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

 

Дарахти пири бешохи қади раҳ,

Шунидам бо забони навҳахоне

Ба ҳар як раҳгузар мегуфту мегуфт:

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

 

Ҷавонӣ, гарчи дар ҳар кори хайре,

Ба мисли панди Саъдӣ ҷовидонӣ

Вале он кист, ки ҳар гаҳ нагӯяд:

Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ!

10.1.1963

 

* * *

Худои суғдиёни бостонӣ

Худои осмоние набудаст.

Худованди заминӣ будааст он,

Ба чашми кас дурахшон менамудаст.

 

Худои суғдиён будаст оташ –

Ҳамон оташ, ки оҳанро гудозад.

Ҳамон оташ, ки дар тоби баландаш

Синону ханҷару шамшер созад.

 

Ҳамон оташ, ки давраш чарх гарданд

Ба сина оташи сӯзон арӯсон,

Ба он нийят, ки бошад оташи ишқ

Фурӯзону фурӯзону фурӯзон.

 

Ҳамон оташ, ки то ҳоло намурдаст,

Агарчи душманон оташ задандаш.

(Бигирад з-оташ оташ шуълаи нав,

Намирад з-оташи нав ҳеҷ оташ!)

 

Ниёгони бузурги мо ба имон,

Парастиданд нуру оташу барқ,

Барои мо гузориданд мерос,

Ки бошад чашмаи нуру сафо Шарқ.

 

Ман он оташпарасти поксӯзам,

Парастам оташи мероси онҳо.

Ҳамон оташ, ки ҷовидон намирад

Барои ҳоҷати давру замонҳо.

 

Намоз орам ба оташҳои ҷовид,

Ба ҳар як шуълаи поку дурахшон.

Намоз орам ба нури ҳар шарора,

Намоз орам ба машъалҳои тобон.

 

Намоз орам ба тоби оташи дил,

Ба табъи оташину шеъри сӯзон,

Забони оташинро саҷда орам,

Ки бошад чун забона шуълаафшон!

20.1.1963

 

* * *

Аз куҳистонӣ, зи фасли кӯдакӣ

Кӯҳро дар синаят ҷо додаӣ.

Дар сари сад қуллаҳо по мондаӣ,

Дил ба рози кӯҳҳо бикшодаӣ.

 

Рӯй дар оби мусаффо шустаӣ,

Дар сари сарчашма бозӣ кардаӣ.

Дар булӯри об дида акси худ,

Шеърхонӣ, шеърсозӣ кардаӣ.

 

Аз куҳистонӣ, дар он ҷо баҳр нест,

Ту суруди баҳрро нашнидаӣ.

Ту фақат дар чашмаҳои пурхурӯш

Саршавии баҳрҳоро дидаӣ.

 

Бо суруди кӯҳсори сарбаланд

Хотири дӯшизагон болондаӣ.

Сангро бо шеър, бо хуни ҷигар

Ҳамчунон гулбарги тар сабзондаӣ.

 

Шеърпардозӣ ба васфи кӯҳҳо

Хуб! Баски он хушомадгӯӣ нест

Чист охир пурсахотар ғайри кӯҳ,

Пойбасти қаср ғайри кӯҳ чист?

 

Кӯҳҳо дар чашми тифлонанд тифл,

Кӯҳҳо дар чашми пиронанд пир.

Кӯҳҳо дар чашми шоир доимо

Рози пинҳонанд дар умқи замир.

 

Гӯӣ васфи кӯҳҳоро боз ҳам,

То туро гӯянд мардум кӯҳзод.

Гӯӣ бо сӯзи дигар, сабки дигар,

То гувоҳи ҳастият сад рӯҳ бод!

 

Гӯӣ васфи кӯҳҳоро боз ҳам

Гӯӣ, то ки кӯҳ ҳам гӯё шавад.

Гӯӣ, то аз гармии шеъру суруд

Мӯмиё дар сангҳо пайдо шавад.

 

Он гули ёбоии куҳсорро

Хонагӣ кун, деҳ нишон бар мардумон,

То ки бошад зебу орои наве

Дар дами тирезаи ҳар хонадон.

 

Кӯҳҳоро дар суруди худ намо

Ҳамнавои қаҳ-қаҳи кабки дарӣ.

Зарраи фӯлод гир аз резасанг,

Теғ кун, охир худат оҳангарӣ!

 

Ё садо шав дар суруди кӯҳҳо,

Ҳамд бинмо кӯҳҳоро дар суруд.

Бо забони безабониҳои кӯҳ

Гӯй бо фардои нурафшон дуруд!

2.2.1963

Дида шуд: 279