Наврӯзӣ

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Наврӯз лола орад,

Май дар пиёла орад,

Пайғоми навбаҳорон

Бар кӯҳу ёла орад.

 

Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,[1]

Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.

 

Наврӯз навҷавон аст,

Наврӯз ҷовидон аст.

Аз рӯзгори дерин

Зеботарин нишон аст.

 

Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,

Ҷашни гулу муҳаббат дар бӯстон муборак.

1978

 

[1]. Иқтибос аз як рубоии халқӣ.

Дида шуд: 204