Ранҷи деҳқон

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Рӯи сурху чашми серу хотири шод,

Файзи умру нури бахти халқи озод,

Хонаи ободу ободии даврон –

Бошад аз дастони деҳқон,

Дасти пурэҳсони деҳқон.

 

Хандаи лаб, нашъаи дунёи зебо,

Хоби нӯшин, лаззати умри гуворо.

Чилчароғон дар шаби тӯи арӯсон –

Бошад аз дастони деҳқон,

Дасти пурэҳсони деҳқон.

 

Сина мисли киштзоронаш кушода,

Умри ӯ бодо дар ин даврон зиёда,

К-ин ҳама нуқлу навою хони алвон –

Бошад аз дастони деҳқон,

Дасти пурэҳсони деҳқон!

18.12.1973

 

* * *

Барф борид – барфи печон, барфи рақсон,

Пора-пора, бешумора.

 

Дар кафи ҳар барг сими реза дод,

Бар дарахтон хилъати покиза дод,

Ҳар дарахти камбари рухзардро

Тоҷи симандуд дар торак ниҳод.

 

Барф борид – барфи хандон, барфи рахшон,

Ришта-ришта, тора-тора,

 

Тору пуд абрешимӣ –

Тӯри симин бофт дар болои шаҳр.

Бофт як қасри бузург

Бар сари паҳнои шаҳр.

 

Барф борид – дона-дона, ошиқона.

Бар сари рухсори маҳрӯён нишаст,

Бар сари абрӯю бар мижгон нишаст.

Дар баногӯше давиду об шуд,

Дар хами ҳар кокули печон нишаст.

 

Барф борид – барфи равшан, покдоман.

Модари меҳнатнасиби мо – Замин

Ҷомахоби оҳарӣ бар рӯ кашид,

Орамид...

 

То баҳорон хоби хуш,

Эй Замин,

Эй модари чодарсафед!

1975

Дида шуд: 198