Хира буд моҳ ба саҳни гардун,
Шаб ба поён бирасид, субҳ дамид.
Офтоб аз паси кӯҳ чеҳра намуд,
Шабнам аз рӯи гулу сабза парид.
Гули афтобпарасти муштоқ
Нури хуршеди саҳаргаҳро дид.
Ёфта коми худ андар сари субҳ
Зи шикебоии худ меболид.
Субҳ шуд, лек барои ман не,
Гарчи он баҳри тамоми дунёст.
Субҳ шуд, лек дили ман ғамгин,
Субҳи хурсандии дил нопайдост.
Ман нахӯрдам ҳама шаб, синаи ман
Реш шуд, косаи хун шуд гӯё.
Субҳ шуд, меравам аз хона бурун,
Меравам боз канори дарё.
Ваъдагоҳи ману он дилбар буд
Соҳили дилкаши он рӯди равон.
Меравам боз ба он ҷо, шояд
Ҳаст он ҷо паи пои ҷонон.
Оҳ, ин рӯд чи пурасрорест,
Шоҳиди ишқи ҷавонии ман аст.
Омадам, шуд нигаҳи дил ҷӯё,
Ки куҷо он бути ширинсухан аст?
Мавҷ гаҳ буд чу марди бадхашм,
Гоҳ чун кӯдаки ғамноке буд.
Мехурӯшид зада фарёде,
Дасту по мезаду сокит мешуд.
Бозии шӯълаи худро бо мавҷ
Зи само меҳр тамошо мекард.
Мавҷ аз бозии худ бо хуршед
Буд мағруру таманно мекард.
Дӯхтам дида ба ин оби равон
То ки таскине биёбам дилро.
Ана, гардид намоён поезд
Ҳамраҳи мавҷ ба рӯи дарё.
Ҳамчунон мавҷ қатори поезд
Як-як аз пеши назар мегузарад.
Ёр аз оинаи он поезд
Даст афшонда, ба ман менигарад...
25.9.1962
* * *
Ҷавонӣ гӯиё мисли суманбод
Саҳаргоҳе вазиду рафт аз ман,
Фақат як лаҳзаям бӯи хуше дод.
Кунун дар роҳи тӯфон истода
Нигаҳ дорам ба оянда ба уммед,
Гаҳе ларзида, гоҳе уфтода.
Ба ёдам мерасад вақти ҷавонӣ,
Ки шӯху бесару дилшод будам,
Дилам месӯхт дар ишқе ниҳонӣ...
Кунун ташвишҳои зиндагонӣ
Ба ман он гаҳ гуворо менамояд,
Ки созам ёди даврони ҷавонӣ.
Ту, тӯфон, сахттар шав, сахттар шав,
Ки то ёд оварам ман аз ҷавонӣ,
Вазад боди суманбӯ то ки аз нав,
Ки бо ёдаш зи ҷабри ту намирам,
Барои хотири рӯзи гузашта
Туро ман нек истиқбол гирам,
Чу умри одамӣ аз ёр нозест,
Ба роҳи орзуи талху ширин
Ҳамеша хайрбоду пешвозест.
3.10.1962
* * *
Ҷавонӣ дода меҳратро харидам,
Умедам буд: меёбам саодат,
Вале аз ту вафодорӣ надидам.
Ба мисли сахтборон рехт гӯё
Ҷавониям ба рӯи роҳи мумӣ,
Даме рахшиду пас хушкид он ҷо.
Дар он ҷо як гули хушбӯ нарӯид,
Ки гӯям: ҳаст осори умедам,
Ки гӯям: дӯстон, инро бибӯед!
Макун ёдам, макун ёдам, аз ин пас,
Мапурс аз ҳоли ман дигар, ки дилро
Ҳамин бо нозҳо ранҷонданат бас.
Ҷавонӣ бемуҳаббат нест, дилбар,
Муҳаббат бе ҷавонӣ лек будаст:
Дилам шод аст бо уммеди дигар...
Ҷавонӣ дода, оромӣ надидам,
Ҷавонӣ дода, на ишқе, на меҳре –
Фақат ёде, фақат ёде харидам...
11.10.1962
* * *
Эй ситора, эй ситора, баъд аз ин хомӯш шав,
Нурафшонӣ макун дигар ба болои сарам.
Шаб ба ҳукми туст, аммо ман ба ҳукми ту наям,
Ман ба ҳукми ёди ширину хаёли дилбарам.
Буд вақте ки зи нури ту ҳаловат мерасид
Бар дили аз ишқ шоду аз ҷаҳон бегонаам.
Лек акнун нури ту монанд бар писхандаест
Он гаҳе, ки нест дар паҳлӯи ман ҷононаам.
Он шабе, ки сӯи ман чашмакзанон будӣ, гузашт,
Ту ҳамонӣ боз ҳоло ҳам, вале ман дигарам.
Ту ҳамонӣ лек ман ғамгину дилозурдаам,
Шодиям андӯҳ шуд, ашк аст дар чашми тарам.
Эй ситора, эй ситора, баъд аз ин хомӯш шав,
Нурафшонӣ макун дигар ба болои сарам.
Ёд бод он шаб, ки ту чашмакзаниҳо доштӣ,
Ёд бод он шаб, ки дидам ман туро бо дилбарам.
18.10.1962
* * *
Орзуям буд, дилро дар ҳаёт
Пеш аз он ки ба хокаш биспурам,
Аз раҳи расму русуму эътиқод
Дар вафои ишқи покаш биспурам.
Не, нашуд, ҳарчанд зорӣ кардамат,
Ҳар қадар ки илтиҷо кардам туро,
Ҳар қадар ки ғамгусорӣ кардамат,
Ҳар қадар ки кардам изҳори вафо –
Нашнавидӣ ҳарфи меҳролуди ман
Нолаи ман, нолаи дилдодаро.
Ҳайф донистӣ бароям як сухан,
Як сухан, як ҳарфи айни муддао.
Хайр, навмедам агарчи, лек боз
Як-ду рӯзе зиндагонӣ мекунам.
Шояд оям рӯ ба рӯ дар роҳи рост
Ё ба рӯзи ид бо ту, эй санам.
Рафту гар саргаштагии рӯзгор
Рӯ ба рӯ н-орад маро, бо ту дигар,
Гаҳ-гаҳе дар вақти айшат ёд ор
Аз мани дилдодаи хуни ҷигар.
Серташвишии рӯзи тӯйҳо
Гар насибат гардаду бошӣ ту шод,
Дар миёни шодиву ташвишҳо
Ёд кун боре, азизам, ёд, ёд.
Ёд кун аз он, ки бо чашмони тар
Аз паи ту, аз паи ту медавид.
Дар сари роҳат ситода ҳар саҳар
Баҳри дидан интизорӣ мекашид.
Ёд кун аз он, ки андар ёди ту
Дар муҳаббат, дар вафоят метапид.
Меписандидӣ агар, албатта, ӯ
Бо вафодорӣ ба қадрат мерасид...
22.10.1962
* * *
Чу Ансорӣ ба рӯи тахтасанге
Навиштам чанд байти сӯзноке.
На баҳри шӯҳратею ёдгорӣ,
Фақат бар хотири як номи поке.
Навиштам номи поки дилбареро,
Пас аз он байти ишқие навиштам.
Навиштам номи худро ҳам дар он ҷо,
Навиштам номи рӯзу моҳро ҳам.
Намегӯям ки он ҷовид монад,
Намегӯям ки он осор аз мост.
Намегӯям ки баъд аз мурдани мо
Зи ман он ёдгорие ба дунёст.
Фақат з-андешаи он ки ягон кас
Ягон вақте агар ки хона созад,
Барои наслҳои тозадаврон,
Барои дилбараш кошона созад,
Тасодуф гар мадад созад, ҳамон санг
Аз он ҷояш ба таҳдевор ояд.
Агар усто каси дилдода бошад,
Чу хонад, мекашад як оҳ шояд,
Ки вақте дар ҳамин водии гулпӯш
Ба рӯи санг як лаҳза нишаста,
Ду ошиқ розгӯӣ карда буданд
Ба роҳи зиндагонӣ аҳд баста.
Ҳамин ду ном, к-андар санг нақш аст
Муборакбод баҳри мост гӯё.
Рафиқон, бишнавед овози ошиқ –
Саломи ӯст бо ин санг бо мо.
Аҷаб не, гӯяд ӯ бар дигарон ҳам,
Ки санге дар таҳи як хона бошад
Ва дар он номи ду ошиқ навишта:
Яке Лоиқ, яке Ҷонона бошад.
25.10.1962
* * *
Рафтӣ, рафтӣ, дилбари оташнигаҳ,
Рафтию бурдӣ ту ороми маро.
Рафтию бераҳбарам дар ними раҳ,
Рафтию бурдӣ саранҷоми маро.
Рафтию мумкин намебинам дигар,
Лек мехоҳам ба ту бахти сафед.
Хоҳамат, ки бар муроди дил расӣ,
Гарчи ман бо ту надидам тӯю ид.
Обу хоке, ки маро сабзонда буд
Бо навозишҳо дар айёми баҳор,
Вақташ омад, ки хазонам мекунад,
Мешавам танҳо, ба кунҷе хору зор.
Хайр, эй ҷонони дилбардошта,
Зиндагӣ бо ту насиби ман нашуд.
Лек мехоҳам ба некӣ гоҳ-гоҳ
Ёд кун аз он, ки дар ёди ту буд.
Ёд кун аз он ҷавони дилсафед,
Ки ҷавониро ба ишқат сарф кард.
Ҳазлу шӯхӣ карда бо ту, шод буд,
Бо ту аз ӯ дур буд андӯҳу дард.
Ёд кун аз он ки бо шеъру суруд
Бар ту изҳори муҳаббат карда буд.
Ишқро бо эҳтироми шоирӣ
Мисли байти тозае парварда буд.
Ёд кун аз он ки бо ҷӯшу хурӯш
Шеъри Ҳофизро ба гӯшат хонда буд.
Назди ту дар ҳолати дил гум задан
Ашки хурсандӣ басо афшонда буд.
Шеъри Ҳофиз шодият медод, лек
Шеъри ӯро хонда мегаштӣ ҳазин.
Рашк мебурдию мепурсидӣ ту:
Росташро гӯ, ба васфи кист ин?
Ёд кун аз он ҷавони покдил,
Ки ба сақфи синаат сар монда буд.
Бо суханҳои латифу ширадор
Дар гаҳи ғамгиният хандонда буд.
Оҳ, он даврони ширин даргузашт,
Ёд бод он лаҳзаҳои шодиям,
Ёд бод он гаҳ, ки бо ту гӯиё
Буд хуршеди ҷаҳон дар кисаям.
Оҳ, рафтӣ, бурдӣ айшу нӯшро…
Ман кунун дар зиндагиям ноумед.
Хайр, боре аз сари меҳру вафо
Ёд кун аз он ҷавони дилсафед.
26.10.1962
* * *
Эй мояи хирад, чаро хомӯш мешавӣ,
Бе ту ба ман навозиши даврон намерасад.
Рӯзе, ки ту зи хонаи дил дур меравӣ,
Як лутфи бедареғ зи ҷонон намерасад.
Бе ту хаёли якравам суде намедиҳад,
Беҳосил аст заҳмати шабзиндадориям.
Беҳосил аст даъвати андешаю хирад,
Беҳосил аст дар раҳи ту интизориям.
Боре бибор ҳамчунон борони резае,
То сабзавор рӯяму гирам шуои меҳр.
Боре расон башоратам аз умри ҷовидон,
Шаҳболи ман бишав, ки ёбам раҳи сипеҳр.
Боре биҷӯш ҳамчунон даврони нозу нӯш,
Ки бо ту ҳаст дар дилам армони гуфтанӣ.
Сармояи ҷавониям – илҳоми пурхурӯш,
Ман бо ту то ба хонаи хуршед рафтанӣ.
10.11.1962
Дида шуд: 269