Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,
Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд.
Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд,
Ба чашми ман вале ҳар хишти бурҷу бора
мегиряд.
Замин – бечора, медонам, фалак бечоратар аз ӯ,
Ду бечора ба аҳволи мани бечора мегиряд.
Замину осмон танҳо, ба гардун ахтарон танҳо,
Хаёлам, бо мани танҳо ҳама сайёра мегиряд.
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
1976
Илҳом аз «Шоҳнома»
Дида шуд: 221