Зиндагӣ

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Зиндагӣ (1)

Сабзаям, сабзаи навнешзада аз дили хок,

Нури хуршеди фалак хостаму сабзидам.

Қасдам ин аст расонам сари худ бар афлок,

То ба ҳасрат наравад синаи пуруммедам.

 

Лек то он ки расонам сари худ бар хуршед,

Зеби кокул шаваму ҳусни дигар омӯзам,

Боз хуршед, ки рӯёндаву додам уммед,

Гӯядам: зиндагӣ бас, ист, туро месӯзам...

10.9.1962

 

Зиндагӣ (2)

Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон,

Ҳам ба сӯи дашти бирён, ҳам ба сӯи гулситон,

Кафки мавҷаш ҳамчу риши мӯйсафедон

Пур зи асрор асту пур аз ҳикмат аст.

Мавҷҳои ҳамчунон мӯи маҳинаш

Чун дилу набзи ҷавонон изтироболудаю бетоқат аст.

Андар он дорад шино

Киштие, ки бодбонаш мерасад бар осмон,

Ҳам шино доранд дар он киштиҳои коғазии кӯдакон,

Ҳам қаиқи холие, ки ғарқ гашта белронаш,

Ҳам наҳангон – обварзони далеру дилкалонаш,

Он касе, к-аз обварзӣ бехабар,

Бим дорад аз дами тӯфони ӯ,

То миён тар гашта, баргардад қафо,

Ҷои камобе намуда ҷустуҷӯ,

Моҳӣ дорад лой карда обро.

 

Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон,

Мурдаро бо худ намегирад ба роҳ,

Мурдаро аз худ бурун меафканад,

Сӯи ӯ дигар намесозад нигоҳ...

 

Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон,

Андаруни пардаи нилии об,

Зиндагӣ дорад парии обие,

Ман варо меҷӯяму мехоҳам аз ӯ як ҷавоб:

Аз чӣ ту ҳам ҳастию ҳам нестӣ?

Кист бо ту ишқбозӣ мекунад?

Кокулат чун шаршара нобофта,

Кӣ зи васлат сарфарозӣ мекунад?

 

Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон...

Бояд афкандан ба оби рӯд, дар оинаи оби мусаффо

Акси худ, тасвири худро,

На! Набояд афканад ӯ

Сояи берӯҳу акси хираю тасвири беҷон,

Балки худро, номаи тақдири худро.

На! Набояд кард аз соҳил ситода сояи худро тамошо,

То туро рӯзе, ки меҷӯянд халқ,

Аз миёни мавҷҳо сар бар кунад ногаҳ парӣ,

Гӯяд: ӯ ҳам мурдаю ҳам зинда аст,

Нест дар қайду вале боқист дар одамгарӣ.

 

Зиндагӣ ҷорист чун рӯди равон,

Аз дили фарзанди инсон бар дили фарзанди инсон,

З-он яке бо пул чи осон бигзарад,

Дигаре аз байни тӯфон бигзарад...

26.2.1966

 

Зиндагӣ (3)

Хостам муддате зиям бедоғ,

Бехато, бегуноҳ, белағзиш.

Хостам муддате зиям ором,

Бетараф, барканор, беларзиш.

 

Лек ҳайҳот! Зиндагонӣ гуфт:

Бехато зиндагӣ хато бошад.

Ҳар кӣ ором зистан хоҳад,

Беҳ, ки ҳамсони мурдаҳо бошад.

 

Хостам тунд бошаму пуршӯр,

Саркашу сарфарозу нофармон.

Хостам аз фалак ситора канам,

Дар кафи даст бинамаш тобон.

 

Лек ҳайҳот! Зиндагонӣ гуфт:

Зӯри беҳудаат миён шиканад.

Ҳар дарахти баландро дар боғ

Аз ҳама пеш оташак бизанад.

 

Хостам бошитоб раҳ пӯям

Зиндагӣ панд дод: оҳиста!

Хостам кунд роҳ паймоям,

Гуфт бозам: Шитоб пайваста!

 

Хостам то само уруҷ кунам,

Гуфт: афтоданат гарон бошад.

Хостам дар Замин бибошам, гуфт:

Ин на дархурди шоирон бошад...

 

Инчунин байни осмону замин

Гоҳ орому гоҳ ноором,

Гаҳ шитобону гоҳ оҳиста

Мекунад умри ман давом, давом.

 

Инчунин ёфтам, ки бофтаест

Зиндагӣ аз нахи баду некӯ.

Ёфтам, ӯст мисли оҳангар,

Пораи оҳанам ба кӯраи ӯ.

 

Мезанад ҳам ба кӯраи оташ,

Мезанад ҳам ба об бо ҳунаре.

Медиҳад тоб, то ба тоб оям,

То шавам досе, ханҷаре, сипаре...

1975

 

* * *

 

Миёни ин ҳама ғавғои ҳастӣ

Ҷаҳони пуртазоди орзуҳо.

Миёни корзори ақлу эҳсос

Ҷаҳони пуршикасти ҷустуҷӯҳо,

Ҳама дорем қутби норасида,

Ҳама дорем субҳи нодамида.

 

Ҳама гулчини боғи орзуем,

Зи худ розиву бахши рӯзгорон,

Вале ҳарчанд гул чинему чинем

Баҳорон ё пас аз ҷӯши баҳорон,

Ҳама дорем гулҳои наруста,

Хуморе, орзуе ношикаста.

 

Ҷаҳон қурбонгаҳи ҷону ҷигарҳост,

Ҷаҳон сарбозиясту сарфарозист.

Валекин бо ҳама фарру бузургӣ

Мукаммал нест он, к-аз хеш розист.

Ҳама дорем роҳи нонавашта,

Ҳама дорем шеъри нонавишта.

 

Ҳама дар дил суруди носуруда

Ниҳон дар сина як пайғом дорем.

Як оҳанге, ки меҷӯшад ба ногоҳ –

Хурӯши дар забон беном дорем.

Ҳама дорем кони нокушуда,

Ҳама дорем нақди норабуда.

 

Ҳама як махзани накшода дар дил,

Ҳама як ишқи новарзида дорем.

Ҳама як орзуи нобасомон,

Ҳама як ёри нобӯсида дорем.

Ҳама дорем оҳи нокашида,

Ҳама дорем заҳри ночашида...

1975

 

Зиндагӣ (4)

Зиндагӣ хуршед дар боми ман аст,

Зиндагӣ маҳтоб дар шоми ман аст.

Зиндагӣ ёри гуландоми ман аст,

Зиндагӣ Хайёми айёми ман аст.

 

Гар набошад номам аз номи Ватан,

Гар набошад хилқати ман сохтан,

Гар насӯзам дар ғами шеъру сухан,

Зиндагӣ андешаи хоми ман аст.

 

Эй умеди зиндаи дил, зинда бош!

Эй гули ишқи ҷавон, пурханда бош!

Дар мани миранда сад оянда бош!

Зиндагӣ парвози пайғоми ман аст.

 

Гар набошад ишқи ту дар синаам,

Гар набошад ёди ту ганҷинаам,

Гар набошад чашми ту ойинаам,

Зиндагӣ нафрину дашноми ман аст.

 

Гар набошад ишқи ту пайдои дил,

Чист дунё бе ғами дунёи дил?

Бе тую бе ишқи ту? Эй вои дил!

Зиндагӣ зиндони ман, доми ман аст.

 

Карда ишқи ту ба дунё ошиқам,

Бо ғами имрӯзу фардо ошиқам,

Аз замин то осмонҳо ошиқам,

Зиндагӣ сарҷӯши илҳоми ман аст.

 

То туро мебинаму дил равшан аст,

Барзахи дӯзах бароям маъман аст,

То насиби ман туро бӯсидан аст,

Зиндагӣ гулчини инъоми ман аст.

 

Ошиқӣ ҳам санъати фарзонаҳост,

Ҳар кӣ худро ёфт, алҳақ бефаност.

То дилам лабрез аз сӯзу навост,

Зиндагӣ осори иқдоми ман аст.

 

Зиндагӣ бе мо раҳи берафтуост,

Зиндагӣ бе мо шаби беинтиҳост.

Зиндагӣ бе ишқ сад дарду балост,

Зиндагӣ коми тую коми ман аст.

 

Зиндагӣ гулшираи ҷоми ман аст,

Зиндагӣ орому пидроми ман аст.

Гарчи ҳам оғозу анҷоми ман аст,

Зиндагӣ хушном аз номи ман аст!

25.5.1985

Дида шуд: 237