Ба халалгарони иншои пойгоҳи барқи Роғун
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
– Мабод ин Роғуну дарғаш,
Ки гардад ғарқ кӯи мо, –
Ту мегуфтӣ зи ҳар минбар
Ба рӯи мо, ба сӯи мо.
Намондӣ, то қад афрозад,
Биё, ҳоли забунаш бин.
Нашуд гар ғарқи об, акнун
Биё, ғарқоби хунаш бин...
9.3.1994
Дида шуд: 200