Ман ғариқам...
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
Ман ғариқам,
Ду соҳили уммед –
Он яке мекашад ба соҳили чап,
В-он дигар мекашад ба соҳили рост.
З-ин «муҳаббат» ду дасти ман аз тан
Мекананд он ду қотили уммед.
Ҷисми ман меравад ба дарёе,
Ки наёрад ба ёд дунёе...
1989
Дида шуд: 199