Чашмаи шоир

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Ҳеҷ донӣ ба Худгифи Соя[1]

Чашмае ҳаст – Чашмаи шоир.

Номи зебост, номи рӯҳангез,

Рӯҳи касро навозад он охир.

 

– Лек афсӯс, – худгифие гуфт:

Ҷӯши онро касе куҷо дида?

Сар занад навбаҳор агар як рӯз,

Рӯзи дигар бубинӣ хушкида.

 

Боз гуфто: зи Чашмаи шоир

Лаб ба гуфтор нокушудан беҳ.

Чашмае мисли он агар бошад,

Шоире мисли он набудан беҳ...

25.12.1985

 

[1]. Деҳае дар Масчоҳи куҳна.

Дида шуд: 199