Умри булбул кӯтаҳ аст.
Бечора булбул
бо ҳама ширинадоӣ,
бо ҳама рангиннавоӣ,
бо ҳама гулдӯстдорӣ,
бо ҳама фарёду зорӣ
беш аз як сол умраш нест,
афсӯс!
Балки ҷои нолаю афсӯс ҳам нест.
Бар чунин як умри кӯтаҳ низ
шукр гӯяд ошиқи гул –
ошиқи бехоб – булбул.
Зоғ механдад ба умраш,
Ғулба механдад ба шукраш,
Лошахор аз лобалои лошаҳо
талх механдад ба ҳолаш,
к-ин чӣ рӯзею чӣ умре?
Ин чӣ ҷои миннату шукре?
Чанд шаб дар ҳасрати дидори гул нолида рафт,
Субҳ хуфту чеҳраи хандони гул нодида рафт,
боз шукри умр мехонад,
боз худро шод медонад,
ё ки ақлаш мисли умраш кӯтаҳ аст?
Булбули шӯрида механдад,
балки рӯҳи булбули шӯрида механдад
ба рӯзу рӯзгори лошахор,
ҳам ба ҳоли ғулбаи дузд,
ҳам ба саргинхории зоғи сияҳкор...
Гарчи сад сол умр мебинед,
Такрори ҳам аст,
Он чӣ ман дар чор фасли сол –
Як соли ҳаёти хештан дидам,
шумо сад сол ҳам баъди сари ман,
гарчи ҳам доред нируи паридан,
гарчи ҳам доред нируи ба мурдоре расидан,
меҳнати ин умри кӯтоҳи маро,
лаззати ин умри кӯтоҳи маро,
қимати ин умри кӯтоҳи маро,
ҳикмати ин умри кӯтоҳи маро
ҳаргиз намебинед!
Чунки ман бе шақшақу бе коғ-коғ
Хандаи гул ҷустам аз боғе ба боғ.
Чунки ман бо табъи олӣ оҳу зорӣ кардаам,
На чу каргас бо пару боли қавӣ
бо умри афзун лошахорӣ кардаам...
Эй шумо бемоягони дерсол,
чор фасли сол
агар сад сол ҳам кардед умр,
мешавад такрор ҳар сол,
мешавад ҳар сол такрор.
Умри кӯтаҳ беҳ зи хории дароз аст.
Шодбахтам ман, ки умрам кӯтаҳ аст,
баски ман дар чор фасли сол –
як соли ҳаёти кӯтаҳи хеш
умр кардам ошиқона,
ҳам бимурдам ошиқона
бо суруду бо тарона!
15.4.1983
* * *
Ғуруби офтоби ҳуснат омад,
Париҷонам, биё, дунё дурӯз аст.
Биё, ҷоми дилафрӯзе бигирем,
Ки ҳоло чашмҳоят дилфурӯз аст.
Чи ҳасратҳо, ки дорӣ дар дили хеш,
Сияҳбахтист дар рахти сафедат.
Агар хоҳӣ, сияҳномат бимирам,
Ки орам заррае бахти сафедат.
Агар хоҳӣ, ки аз худ бигзарӣ боз,
Даме аз кӯчаи ишқам гузар кун.
Агар хоҳӣ, ки бар ту бингарад бахт,
Мани соҳибназарро як назар кун.
Дилат, медонам, аз ошӯб холист,
Чу хушкида дарахте дар баҳорон.
Биё, аз ишқ саршорат кунам ман,
Чӣ мехоҳӣ дигар аз рӯзгорон?!
Биёву сина бикшо чун дари субҳ,
Биё шӯри ҷавониро зи сар гир.
Агар хоҳӣ ҷавонии дубора
Маро то ҳадди ҷон додан ба бар гир!
Маро масти ҷамоли хештан соз,
Ки аз мастии май рӯҳам фасурдаст.
Хушо ҷоне, хушо ҷони ғарибе,
Ки дар оғӯши гарми ёр мурдаст!
Чӣ мепурсӣ дигар аз хоҳиши ман,
Чӣ мегирӣ дигар аз ҷони шайдо?
Агар шавқи маро поён набахшӣ,
Фароҳам мерасад поёни дунё!
21.4.1983
Дида шуд: 218