Шеъре дар бемористон

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Паси шиша дарахтон ҷумла урёнанд...

 

Чунин дарёфтам: гӯӣ ҳама аз даст хоҳад рафт,

Ду чашмам баста хоҳад шуд зи дунёи пурафсона.

Замин аз зери поям мегурезад,

Само меуфтад рӯи сарам чун боми вайрона.

 

Хаёлам, хома аз дастам биафтод,

Тапишҳои ҷунунангез андар синаам хушкид.

Хаёлам, аждаҳои марг

Даври пайкарам печид.

 

Хаёлам, кокулони ёр лағжид аз кафи дастам,

Хаёлам, зулфи маҷнунбед рӯи гӯри ман хам шуд.

Хаёлам, (гарчи механдед, эй мардум!)

Зи базми шоирони Тоҷикистон шоире кам шуд.

 

Замину осмонҳоро видоъ гуфтам,

Видоъ гуфтам маҳу хуршеди анварро.

Видоъ гуфтам ба ёре, ки пас аз ман боз

Парешон мекунад зулфи муанбарро.

 

Ҷаҳонро гӯӣ бо як қатра ашки сард

                                    аз чашмам биафшурдам,

Ба як он ёд кардам дидаву бишнидаҳоямро,

Ҳама шеъру суруди норасоямро,

Ҳама саҳву хатоямро.

 

Шуморо ёд кардам бо ҳама фарзу яқини дил –

Шуморо, ки бароям некиҳои беҳаде кардед.

Шуморо ҳам, ки бо ман ҳамназар будед,

Шуморо ҳам, ки баҳри ман бадӣ кардед!

 

Ба дил гуфтам: агар ин бор амон ёбам,

Ба дунё гар насиби зиндагӣ бошад дигар борам,

Аз ин пас то даруни синаам дил ҳаст,

Дили мӯре наёзорам...

 

Паси шиша дарахтон муғҷа бастанд...

1982

 

* * *

Ту ногаҳ омадӣ дар олами ман

Зи роҳи содагиҳои ҷавонӣ.

Латифу шӯхшангу шӯхдида

Саропо маҳзи дунёи ҷавонӣ.

 

Рухат чун сафҳаи нанвиштаи ман,

Вуҷудат бебало чун субҳи содиқ,

Ду чашмат чашмаи нури муҳаббат,

Ва ё ду чашмаи уммеди ошиқ.

 

Надонам аз куҷое даррасидӣ,

Ки гӯӣ интизорат буда бошам;

Ки гӯӣ бо хаёлат солиёне

Дари дил бар ғамат бикшуда бошам.

 

Надонам аз куҷое даррасидӣ

Бароям чун атои рӯзгорон.

Фишондӣ бар сарам гулҳои ваъда

Чу тӯфони шукуфа дар баҳорон.

 

Дили ман мурда буду зинда кардӣ,

Кунун ӯ тоза кард ойина аз занг.

Кунун ӯ ҳар нафас эҳсос созад

Ҷаҳонро чун баҳорон ранг дар ранг.

 

Нишондӣ бар сари оташ (Хушат бод!)

Маро, як шоири озурдаҷонро.

Ҳазар аз пирафшонӣ! Ба рӯям

Фишон он кокули анбарфишонро!

 

Фишон гесӯ, бидеҳ шӯрам, ки дунё

Ба як мисқол тиморе нашояд.

Фалак моро нигаҳ чун менадорад,

Зи мо ҳам худнигаҳдорӣ нашояд!

 

Биё, ҳар дам биё, дар раҳгузорат

Фишонам ҳар чи ҷон дорам, ки бахт аст.

Атои қисматам ҳастӣ ту алҳол,

Хатои қисматам бошӣ, чӣ сахт аст!..

1.1.1982

 

* * *

Ишқи ту чун насими субҳонӣ

Дар дилам накҳати баҳор овард.

Номи ту мисли хатти пешонӣ

Хатти қисмат зи кирдгор овард.

 

Ту зи кайҳони орзуҳоям

Омадӣ парзанон ба манзили ман.

Омадӣ безамон зи кишвари ҳусн

Ба муҳити харобаи дили ман.

 

Омадиву маро зи ман бурдӣ,

Бурдӣ то қуллаҳои меғолуд.

Бурдӣ то он мақоми ишқи бузург,

Ба мақоме, ки орзуям буд.

 

Шод кардӣ маро зи ғамҳоят,

Зи ғаме, ки руҷӯи ишқат дошт.

Буни гӯши ту шеърҳо хондам,

Шеърҳое, ки бӯи ишқат дошт.

 

Баъд мо дар канори ҳамдигар

Дар канори ҷаҳон нагунҷидем.

Аз раҳи дил ба ҳар куҷо рафтем,

Роҳҳои замон насанҷидем...

 

Баъд мо ҳар қадар зи худ рафтем,

Зиндагӣ боз ҳам ба худ овард.

Ҳар қадар боғи ишқи мо бишкуфт,

Қисмат он қадр душманиҳо кард.

 

Баъд дар кӯчаҳои шаҳраки мо –

Шаҳри ишқи бузург нодида,

Мегузаштем мову ту танҳо

Аз нигоҳи авом тарсида...

 

Баъд рафтем ҳар ду бо раҳи худ

Ҷониби сарнавишти иҷборӣ.

Ҷониби хонадону пайвандон,

Ҷониби хешу хештандорӣ.

 

Баъд... баъди туро надиданҳо,

Баъд... баъди фироқу пазмонӣ

Ёфтам, ки ту рафтаӣ аз ман

Чун ситора зи авҷи кайҳоне.

 

Баъд дидам: дар ин ҷаҳони фиреб

Бар ту аз ман гузашта номардӣ.

Гар ҷаҳони туро надонистам,

Пас, чӣ ҳаз бурдам аз ҷаҳонгардӣ?!

 

Баъд донистам аз раҳи инсоф

Бо ҳама кӯриву парешонӣ

Як ту будӣ илоҳаи ишқам,

Як ту будӣ атои яздонӣ.

 

Баъд донистам аз сари мардӣ,

Ки надорӣ ба даҳр ҳамтое.

Қадри ишқи туро надонистам,

Гар тавонӣ, маро бубахшоӣ!

11.2.1982

 

* * *

Ту барои дили ман тозаву тар,

Ту барои дили ман зебо бош.

То даме ошиқи яктои туам,

Ту барои дили ман якто бош.

 

Ту маро бош баҳори пургул,

Тирамаҳ аз раҳи худ меояд.

Соате чашм ба роҳам бинишин,

Ки аҷал роҳи маро мепояд.

 

Ту марав аз сари ман, то сари ман

Нашавад сар ба сари хоки лаҳад.

Ту бимон бо ману бо ман гул кун,

То гулафшон бишавад рӯи раҳат.

 

Эй ғамат шодифизотар зи баҳор,

Дили ғамкӯфтаамро бинавоз.

То кунун ёре диламро нашинохт,

Ту варо гиру бубину бишинос.

 

Гир андар кафу некӯ бинигар,

Бо ҳама айбу гуноҳ ошиқи туст.

Бадгумонӣ макун, аз баҳри худо,

Ҳама офоқ гувоҳ! – Ошиқи туст...

 

Ишқ ҳарчанд шуда олуда

Аз ду-се хушкдилу тардоман,

Ту маё паст зи гардуни назар,

Балки раҳ гир ба боло бо ман!

 

Дари дил боз бикун мисли саҳар,

Синаро шӯр бидеҳ чун дарё,

Ончунон тунд бирав, то миранд

Айбҷӯёни ту дар соҳилҳо...

 

Ин ҳасудон зи малах бисёранд,

Ишқ яктову ту ҳам яктоӣ.

Ин ҳасудон зи алам мемиранд

Гар алам бошӣ ту бо шайдоӣ.

 

Пас, ту баҳри дили ман ахтари саъд,

Пас, ту баҳри дили ман фардо бош.

Пас ту, то навбати дунё дорам,

Бо ҳама нозу адо дунё бош!

 

12.3.1982

 

* * *

Ёри деринам ба зери хок рафт,

Дар сари хокаш гиристам.

Дар дили хок орамиду доғдил

Бар дили покаш гиристам.

 

Дигарон рафтанд бепарво, вале

Ман сари гӯраш нишастам.

Ӯ даруни хоку ман берун зи хок,

Дасти ӯ гӯё ба дастам...

 

Ёри деринам ба зери хок рафт,

Ман аз ин андешапокам...

Ёри ман гар дар дили хок ошён кард

Ман чаро берун зи хокам?

 

12.3.1982

 

* * *

Аз куҷо омадӣ, эй чашмаи нур?

Аз куҷо омадӣ, эй махзани шеър?

То дилам дошт зи домони дилат,

Баъд аз ин дасти ману домани шеър!

 

Чашми ту нури илоҳӣ дорад,

Чашми ту чашмаи шеъри Аҷам аст.

Баъд аз ин бар сари ман аз қисмат

То ғами ишқи ту бошад, чӣ ғам аст?

 

Чун ту ангушт задӣ бар дари дил

Ҳамчу ошӯбгарон бар дари шоҳ,

Буду нобуди маро ларза гирифт,

Тарк гуфтам ҳама даргоҳу сипоҳ.

 

Пас фуруд омадам аз тахти ғурур

Пеши ту мисли шаҳ аз тахти баланд.

Ҳусни ту дидаму қурбон кардам

Ҳамаро баҳри ту, эй бахти баланд!

 

Лек огаҳ кунамат аз фарҷом,

К-охири шаҳманишӣ коҳкашист.

Охири шаҳманишӣ гар ин аст,

Охири ишқу ҷунун оҳкашист.

 

Гар чунин аст ҳама бахшиши ишқ,

Ту маро содаю гумроҳ магӯ.

Муддате зиста бо шиддати ишқ,

Гар бимирем, абас оҳ магӯ!

13.3.1982

 

* * *

Наврӯзи ман бе ту гузашт,

Бе рӯи ту бадрӯ гузашт.

Чун рангу бӯи ту надошт,

Орӣ зи рангу бӯ гузашт.

 

Мехостам дидори ту,

Чашмони оташбори ту.

Мехостам сӯзам даме

Дар оташи рухсори ту.

 

Мехостам дидан туро,

Мастона бӯсидан туро.

Дар саҳнаи Наврӯзи дил

Дил дода санҷидан туро.

 

Мехостам гул чиданат,

Аз шеъри ман завқиданат.

Бо чашмаҳо ҷӯшиданат,

Бо сабзаҳо рақсиданат.

 

Мехостам дар ёлаҳо

Хандида мисли лолаҳо,

Бо ман дари дил во кунӣ

Бар қасди оҳу нолаҳо.

 

Мехостам, мехостам,

Чун ошиқи шайдостам.

Наврӯз меболад, вале

Ман бе ту дилро костам.

 

Дунё ба чашмам тира шуд,

Чашми умедам хира шуд.

Андӯҳи маргафзои ту

Бар шодиҳоям чира шуд.

 

Афсӯс аз ин дилсӯзиям,

Аз ишқи меҳнатрӯзиям.

Ин шеъри пурсӯзам бихон

Чун туҳфаи наврӯзиям...

20.3.1982

 

* * *

Дар мадори ҳама ин дору мадор,

Дар ҳисори ҳама ин аҷзу ниёз,

Чун ба поён бирасад савдоят,

Аз мани дилшуда ёд оварӣ боз.

 

Боз ҳам бо дили худ рӯй ба рӯй

Бинӣ дилдодаи якрӯй маро.

Бо ҳама шавқу ҳавасбозии ман,

Бинӣ дилсӯзаву дилҷӯй маро.

 

Субҳ бархоста аз бистари ноз,

Бинӣ тасвири маро дар девор,

Ҳама девору дарат беовоз

Ёд оранд аз он бӯсу канор.

 

Ёд оранд аз он қисмати нақд,

Ки беҳин ҷонсипарат ман будам.

Ба ҳама бӯсагадоӣ зи лабат,

Беҳтарин бӯсагарат ман будам.

 

Чун ягон бенасабат ранҷонад,

Ёд орӣ зи навозишҳоям.

Бишканад харпадаре имонат,

Ёд орӣ зи ниёишҳоям.

 

Ҳар гаҳе зиндагӣ сахтат гирад,

Ёд орӣ ту дили нарми маро.

Ҳар гаҳ аз зиндагӣ дилсард шавӣ,

Ёд орӣ ту дили гарми маро.

 

Ҳар гаҳ аз хеш пушаймон гардӣ,

Аз ғинои дили ман ёд кунӣ.

Монӣ бесӯзу наво чун аз ишқ,

Аз навои дили ман ёд кунӣ.

 

Баъд ҷӯӣ ту маро беҳуда,

Чунки дер асту ту бетадбирӣ.

Ман чу дилҷӯи ту мемирам, лек

Ту чу гумҷӯи муҳаббат мирӣ...

31.3.1982

Дида шуд: 274