Рақси ту

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Рақси ту гар сабки эъҷоз аст дар рӯи замин,

Пеши ман як сабки парвоз аст сӯи осмон.

Рақси ту ҳарчанд баҳри беғамон як дилхушист,

Баҳри ман як олами дард аст, дарди беамон.

 

Ҳар нигоҳи ту ба умқи дил ишорат мекунад,

Ҳар адоят ҷони мискинро ҳимоят мекунад.

Ларзаҳои мижжаҳоят,

Барқафшонии чашми сурмасоят

Захми носури муҳаббатро табобат мекунад.

 

Мезанӣ бо панҷаҳоят савти бишкан-бишкане.

Метаровад аз дили ман оҳу воҳу шеване.

Пой мекӯбӣ ба саҳна,

Даст мекӯбӣ ба сина,

Синаҳоро мефурӯзӣ бо ҷамоли равшане.

 

Печутоби кокулонат печутоби зиндагист,

Ҳар нигоҳи ту суоли беҷавоби зиндагист.

Гоҳ агар қадрат надонанд,

Гар сабукроят бихонанд,

Ҷумла аз кӯрии чашми интихоби зиндагист.

 

Гарчи беовоз мерақсӣ, ба гӯш овози туст,

Пардаи дил, пардаҳои чашм пойандози туст.

Шӯхшангу масту мағрур –

Он қадар наздикӣ аз дур,

Гӯӣ саҳни синаи ман саҳнаи эъҷози туст.

 

Рақси печони ту мавзуну қашанг аст,

Як дами нақди фароғат аз малоли ному нанг аст.

Кош медонистаме

Як даме чун ҳамдаме

Умри ту дар саҳнаи қисмат чӣ ранг аст?...

 

Рақси ту як саҳнаи афсонаи дил бастан аст,

Як талоши аз ҷаҳони мову ман ворастан аст.

Балки андар саҳни бозиҳои маргу зиндагӣ

Бо ҷаҳони бекарони орзу пайвастан аст.

24.10.1981

 

* * *

Дидам ӯро боз баъди чанд сол,

Талъати болидааш коҳида буд.

Дар назар чун шаҳри баъди зилзила

Кишвари ҳуснаш зи ҳам пошида буд.

 

Хирмани гесӯи ӯро бурда бод,

Ғабғаби симини ӯ пурчин шуда.

Сурмаи чашмони ӯро шуста ашк,

Чеҳраи хандони ӯ ғамгин шуда.

 

Мегузашт аз растаи бозори гул,

Тирарӯ, парвои як гул ҳам надошт.

Гарчи ӯ ҳам дар малоҳат як замон

Аз дусад бозори гул гул кам надошт.

 

Ман варо медидаму мекостам,

Порае умрам ҳамеомад ба ёд,

Ки варо бо ҷону дил мехостам

Андар ин рӯи замини бокушод.

 

Чашми ман бо чашми ӯ бархурду пас

Аз нигоҳи ман рамиду дур шуд.

Лек он айёми ишқи содае

Дар хаёлам ҳамчунон манзур шуд.

 

Ман ба ӯ бархурдам андар роҳи ишқ,

Тифлтабъиҳош бебокона буд.

Ман агар дар шеъри худ дорам ҷунун,

Ӯ ҳам андар ишқи худ девона буд.

 

Баъд мо хӯрдем бо ҳам ҷомҳо,

Ҳарфҳо гуфтем аз тақдири дил.

Баъд мо хондем бо эҳсоси гарм

Сафҳаи садрангаи тасвири дил.

 

Баъд ман як рӯз баҳри озмун

Бо дили худ рӯ ба рӯ кардам дилаш.

Хуб андар тинаташ кардам назар,

Хуб дидам манзари обу гилаш.

 

Дидам, ӯ ошиқ на бо фармони дил,

Ошиқи овозаю номи ман аст.

Дидам, ӯ на ошиқи илҳоми ман,

Ошиқи икрому инъоми ман аст.

 

Баъд ман рафтам ба роҳи шеъри худ,

Боз ӯ роҳи ғалат афтоду рафт.

Ҳар чӣ дод ӯ, рафтааст аз ёди ман,

Ҷуз ҳамин шеъре, ки нақдам доду рафт...

 

3.11.1981

 

* * *

Боз омадӣ ба хилвати андешаҳои ман,

Боз омадӣ барои ман, танҳо барои ман.

Дар гесувони беғамат атри баҳорҳо

Дар дидагони равшанат нури бақои ман.

 

Боз аз вуҷуди хокиям оташ забона зад,

Эҳсоси ғамшиноси ман авҷи тарона зад.

Боз ин дили шаҳиди ман дар ҷанги ақлу дил

Сар тофт аз ҳақиқату андар фасона зад.

 

Боз офтоб ин саҳар бар ман нигоҳ кард,

Боз осмон ба бахти ман афви гуноҳ кард.

Як лаҳза зиндагонии афсонаранги ман

Бо ман нишасту фанду фиребаш паноҳ кард.

 

Мову ту омадем, ки аз дил садо кунем,

Бошад, ки як-ду рӯз ба ҳам муддао кунем.

Оё чӣ кардаем, ки аз хашми зиндагӣ

Бо ҳам наёмадем, ки бо ҳам бақо кунем?

 

Эй қомати баланди ту шеъри баланди ман,

Ҳам фанди умри ман туӣ, ҳам низ панди ман.

Ман дилписанди зиндагон бошам ба зиндагӣ,

То дилписанди тустам, эй дилписанди ман.

 

Эй қомати расои ту бахти расои ман,

Эй бо тамоми бехудӣ ишқат худои ман,

Бошам фақат барои ту, танҳо барои ту,

Бошӣ агар барои ман, танҳо барои ман!

 

10.12.1981

 

* * *

Хаёли дидани рӯят хаёли хушбахтист,

Умеди суҳбати дигар камоли хушбахтист.

Насиби лаззати дидор агар муяссар нест,

Насиби ҷони ҷавонам заволи хушбахтист.

 

Дилам ба ёди ту гум мезанад ба сад оҳанг,

Нигоҳи шуълаварат мезанад ба ҷонам чанг.

Вале чӣ суд, ки аз зиндагӣ раҳоӣ нест,

Ки хок бар сари қисмат занему ному нанг.

 

Агарчи дураму ганҷи дилат насибам нест,

Ба ҷуз хаёли ту андар ҷаҳон ҳабибам нест.

Агарчи зиндагиям худфиребиҳо дорад,

Ҳамин бас аст, ки ғайри ту дилфиребам нест.

 

Ҳамин бас аст, ки дунё туфайли ту зебост,

Ҳамин бас аст, ки ҷонам пур аз таманноҳост.

Ҳамин бас аст, ки дил дораму дилам бо туст,

Ҳамин бас аст, ки дил дориву дилат шайдост.

 

Ҳамин бас аст, ки ҳастӣ ҷаҳони пиндорам,

Ҳамин бас аст, ки ҳастӣ ҷаҳони асрорам.

Ҳамин бас аст, ки ту ҳастиву диле дорӣ,

Ҳамин бас аст, ки ҳастам ману диле дорам.

 

1982

 

* * *

Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб,

Ки роҳи хонаи худро наёбам.

Тиҳӣ созам ҳама майхонаҳоро,

Ки аз сар бигзарад ҳар сарҳисобам.

 

Зи назди хонаат ғалтону хезон

Гузар созам чу як девонаи ишқ.

Чароғи хонаат бинам фурӯзон

Чу нури сармади кошонаи ишқ.

 

Кулоҳамро зи истиғнои мастӣ

Барандозам ба сӯи Каҳкашонҳо.

Равам, бар остонат сар гузорам,

Ки мебошад баланд аз осмонҳо.

 

Давам бепову сар дар кӯчаи шаҳр,

Диламро аз фараҳ рӯи каф орам.

Бигирам аз гиребони ҳама кас,

Ки «Медонед? Ӯро дӯст дорам!...»

 

Равам бо ташнагию сӯзиши дил,

Кашам сарви сари раҳро дар оғӯш,

Ки ғайр аз қомати ту то қиёмат

Ҳама аз хотирам гардад фаромӯш.

 

Назар созам ба пои ҳар дарахте

Ки гӯӣ низ побасти ту бошад.

Бубинам сӯи ҳар як ҳалқаи шох

Ки гӯӣ ҳалқаи дасти ту бошад.

 

Дилам хоҳад чунон девонагиҳо

Ки умре ёд бинмояд Душанбе.

Занам фарёд сӯи моҳу анҷум

Зи фарёдам ба дод ояд Душанбе...

 

Дилам он қадр мастӣ хоҳад имшаб

Ки бахти мастӣ дар ҳушёриям нест.

Дилам он қадр хоби мастӣ хоҳад,

Ки хоби бахт дар бедориям нест...

1982

 

* * *

Ишқи ту камтар зи дарёе набуд,

То замини хотирам гулзор шуд.

То зи фарёду ғиреви мавҷҳош

Бахти хоболуди ман бедор шуд.

 

Ишқи ту камтар зи исёне набуд

Рӯ ба рӯ бо душмани аъмоли ман.

Корзоре кард андар синаам

Бо ҳама урдуи моҳу соли ман.

 

Ишқи ту камтар зи парвозе набуд

Сӯи гардун ҳампари маҳвораҳо,

То ба ҳам наздик гаштанду қарин

Бурҷҳо, истораҳо, сайёраҳо.

 

Ишқи ту камтар набуд аз зилзила

Дар замини орзуҳои дилам.

То ба як ҷунбиш ба рӯи каф ниҳод

Он ҳама пинҳону пайдои дилам.

 

Ишқи ту камтар набуд аз тундаре

Дар инони осмони зиндагӣ.

Як дурахшиду хуморам тоза шуд

Бар хушиҳои замони зиндагӣ.

 

Ишқи ту камтар набуд аз бахти нақд

То ба чашми дил ба ӯ кардам назар.

Гарчи бепову сару бехуд будам

Кард бо ман ӯ маро наздиктар...

 

Ишқи ту камтар набуд аз шеъри хуб

Дар миёни сафҳаи девони дил.

Ишқи ту камтар набуд аз инқилоб

Дар ҷаҳони бесару сомони дил...

1982

 

* * *

Занг бандад даруни сина дилам,

Нашнавам занги хандаҳоятро.

Рӯзгорам чи бесадо бошад,

Нашнавам соате садоятро.

 

Ба суолам ҷавоб агар надиҳӣ,

Зиндагӣ беҷавоб метобад.

Накунад гар садот бедорам

Зиндагӣ ҳамчу хоб метобад.

 

Ҳар нафас бо хаёли тифлона

Пур шавад дил зи шавқи дидорат,

Оҳи ӯ аз масофаҳо гузарад,

Кунад аз хоби ноз бедорат.

 

Ба дарат мушт кӯбаду ҳайҳот

Хоҳӣ, аммо кушуда натвонӣ.

Доғ-доғи ту асту боз ӯро

Ғайри доғе фузуда натвонӣ.

 

Нарм-нармак бароӣ аз хона

Ғофил аз чашми хонаводаи хеш,

То диламро ба рӯи каф гирӣ,

Бингарияш ба чашми содаи хеш.

 

Бо ҳама изтиробу меҳру ситез

Дар кафи хештан бияфшорӣ,

Гарчи мехостӣ, наранҷонӣ,

Гарчи мехостӣ, наёзорӣ.

 

Тунду хашмӣ ба сӯи ӯ гӯӣ:

«Гарчи бо ту ман ошно будам,

Ин ҳама солҳо, ки бигзаштанд,

Ту куҷо будӣ, ман куҷо будам?

 

Ваҳ, чи зебоӣ, ваҳ, чи сӯзонӣ,

Аз куҷоӣ ту, аз куҷоӣ ту?

Бо дили поксӯзи шайдоям

Чӣ сазоӣ ту, чӣ сазоӣ ту!

 

Лек дер аст... ҳар қадар хоҳӣ,

Баҳри таскини хеш маътал шав.

Варна бар ёдгори оташи ишқ

Дар сари чорроҳа машъал шав...»

 

...Бо ту рӯҳам агарчи ҳамхонаст,

Дили ман аз дарат бурун монад.

Баъди мо боз дар ҷаҳони дурушт

Ошиқӣ монаду ҷунун монад...

1982

 

* * *

Бо ту дарёфтам, ки то имрӯз

Зиндагиям ҳама хатои дил аст.

То тую санъати муҳаббати ту

Ошиқиям ҳама ҷазои дил аст.

 

Бо ту бар хештан назар кардам –

Ба ҳар он чӣ гузаштаҳоям буд,

То бидидам: ҷавониям – нафасе,

Шеъри ман – оҳи норасоям буд.

 

Чанд фасли баҳор омаду рафт,

Ҷуз гули рӯи ту басо гул дошт.

Чашмам аз сурати ту холӣ буд,

Дилам аз ишқи ту тағофул дошт.

 

Ин баҳоре, ки бо ту мебинам,

Ростиро, баҳори шайдоист.

Фасли бо ҳам шукуфтани дилҳо,

Фасли рушду камоли зебоист.

 

Чун бубинам, ки обшори дур

Масти хеш аз ғурур механдад,

Чун бубинам, ҳавои меғолуд

Ба сари кӯҳ хоса мебандад;

 

Чун бубинам, ки ин баҳор ту ҳам

Гул ба кокул занӣ ба шайдоӣ,

Ба насими мулоими гулшан

Дари айвони хеш бикшоӣ;

 

Мепарам бо кулангҳои қатор –

Дар фазо боз карда боли хеш,

Ки манам ин баҳор шоиртар,

Ки туӣ пурбаҳортар аз пеш.

 

Мекунам сӯи осмон фарёд,

Ки манам ин баҳор лоиқтар...

Мекушоям забон ба бонги баланд,

Ки манам ин баҳор ошиқтар...

 

...Баъд аз ин ҳар чи ояд аз қисмат,

То ту ҳастӣ, ҳама барои ман аст.

Чун сазои дилат накардам умр,

Ҳар чӣ ояд зи ту, сазои ман аст!..

1982

 

* * *

Дили ман чун гули даврони хеш аст,

Ба даврони дигар ҳаргиз нарӯяд.

Хазон дорад баҳори зиндагонӣ,

Хазонро ҳеҷ кас чун гул набӯяд.

 

Чи тадбире! Худо ҳар чиз додаст,

Банавбат боз чун қарзаш бигирад.

Дили ман раҳни шеъру шоирӣ буд,

Бимирад ҳам, ба бадномӣ намирад.

 

Суханро ҳамчу гул гулдаста бастам

Барои хотири гулпираҳанҳо.

Уқоб андар баландӣ гар бимирад,

Дили ман – дар баландии суханҳо...

 

Ту, эй уммедгоҳи зиндагиям,

Маро ҳаргиз макуш андар дили хеш.

Маро гар куштӣ, бошӣ қотили шеър,

Маро гар куштӣ, бошӣ қотили хеш.

 

Маро дар ошёни равшани худ

Чу тақвиме, чу тасвире нигаҳ дор.

Китоби шеърҳои содаамро

Чу фарёде зи тақдире нигаҳ дор.

 

Ман аз ту дур хоҳам рафт рӯзе

Чу барги рехта аз шохсорон,

Вале то реша андар хок дорам,

Туро ёд оварам то навбаҳорон.

 

Туро ёд оварам чун қиблаи дил,

Чу меҳроби дили садпораи хеш.

Туро ҷустам тамоми умр чун шеър,

Вале ҳаргиз наҷустам чораи хеш.

 

Ту асли шеъру ишқу орзуӣ,

Бинои шоирию ошиқӣ кун.

Агарчи будаам нолоиқи ту,

Ту аз ҳар байт ёди Лоиқе кун!..

1982

 

* * *

Ҳар гаҳе чун ахтари иқболи ман

Рух намоӣ аз дари айвони хеш,

Ҳеҷ кайвоне зи айвонат баланд

Кай бувад дар вусъату паҳновариш?

 

Ҳар гаҳ аз айвон бароӣ хандарӯ

Гесувонат хам занад рӯи замин,

Гӯӣ ту дар осмон чун Зӯҳраӣ,

Ман зи ту вомонда дар рӯи замин.

 

Роҳи байни мост гар як наъравор,

Дур аммо чун раҳи меҳру маҳ аст.

Осмони ман, чаро дурӣ чунин?

Дасти ман то боргоҳат кӯтаҳ аст.

 

Кай тавонам сӯи ту ово кунам,

Чашми бад ҳар сӯ камингири ман аст.

Афканам гул, боз афтад бар замин,

Айби тақдири замингири ман аст.

 

Дар замони ин ҳама парвозҳо,

Гарчи беболу парам, эй ҷони ман,

Мепарам дар олами хобу хаёл,

Ҷониби айвони ту – кайҳони ман.

 

Гарчи медонам, ки парвозам хатост,

Гарчи медонам, ки болам норасост,

Лек бе эҳсоси парвоз ишқ нест,

Дидаи ошиқ суи нодидаҳост.

 

Пас ту ҳам, эй аз ҳама наздиктар,

Дар ҷаҳони орзу фоле бимон!

То нахушкад шавқи парвоз аз дилам,

Осмони ман, чунон олӣ бимон!

 

1982

 

* * *

Зи бахти гумшуда чун оварам ёд,

Зи дуродур овози ту ояд.

Дили гумкардаамро чун биҷӯям,

Саропои туам дил менамояд.

 

Дарак пурсам чу аз умри гузашта,

Зи ҳар манзил бишӯрад ҳасрати ту,

Ки гӯӣ ҳар гиёҳу сабзаи раҳ

Хабар орад зи ранги қисмати ту.

 

Ману ту аз ғурури чашмбаста

Дари дилро ба рӯи ҳам бубастем.

Дигарҳо аҳд бастанду шикастанд,

Ману ту аҳд нобаста, шикастем.

 

Кунун аз хонаи обод пурсанд,

Намепурсад кас аз ободии дил.

«Туро ман зарра-зарра ҷамъ кардам»

Барои дил, барои шодии дил.

 

Кунун афтода дар гирдоби қисмат

Ману ту дар ҷудоиҳо қаринем.

Ба ҳам бинем ғамҳои муҳаббат,

Дареғо, шодии ӯро набинем...

 

Вале то зиндаам, то қисмате ҳаст,

Дилам номи дил аз номи ту ҷӯяд.

Агар сад сол ояд хушксолӣ,

Дилам чун лола дар боми ту рӯяд...

1982

 

* * *

Дар хобҳои равшану поки биҳиштиям

Мебинамат, ки бо дили ман меҳрубонтарӣ.

Аз лаҳзаҳои кӯтаҳи дидору иштиёқ

Бас дилмувофиқи ману бас дилситонтарӣ.

 

Дар хобҳои мудҳишу саҳмину тираам

Мебинамат, ки ҳозирӣ ҳамчун халосгор.

Дар оташам бубиниву оташ занӣ ба даҳр,

Дар об ғарқа биниву гирӣ маро канор.

 

Дар хобҳои қудсии ман ту фариштаӣ,

Боли ҳарир дориву парвоз мекунӣ.

Дар рӯи боли хеш маро мебарӣ ба арш,

Бар ишқи ман даричаи дил боз мекунӣ.

 

Аммо чу рӯз мерасад, мебинамат, ки боз

Рӯи замини пургунаҳ ҷӯёи қисматӣ.

Дилкӯби зиндагонии якрангу якнавохт,

Дилташнаи муҳаббату умри ғаниматӣ.

 

Аммо чу рӯз бигзарад, аз пушти офтоб

«Бар айшҳои рафта диле шод мекунам».

Аммо чу рӯз бигзарад, чун сояи ғуруб

Андӯҳи ту фурӯ кашад дунёи равшанам...

1982

 

* * *

Гарчи медонам, ки дастам кӯтаҳ аст,

Боз мехоҳам туро бар коми дил.

Боз мехоҳам, ки аз ишқи ту бод

Дар нафасҳои пасин анҷоми дил.

 

Боз мехоҳам, ки аз ҳар нешу нӯш

Охирин ком аз лаби нӯши ту бод.

Андар оғӯши ҷаҳони сустмеҳр

Охирин оғӯш оғӯши ту бод.

 

Боз мехоҳам туро аз ҳар чӣ ҳаст

Чун насиби вопасини зиндагӣ.

То равам зери замин, хоҳам туро

Аз замону аз замини зиндагӣ.

 

Боз мехоҳам, ки рӯзи вопасин

Пеши чашмам мӯи анбӯҳи ту бод.

Охирин шодиям аз дидори ту,

Охирин андӯҳам андӯҳи ту бод...

1982

 

* * *

Аввалин шеърам ту будӣ –

Аввалин шеъри пур аз дардам ту будӣ.

Аввалин ошӯби сӯзон

Андаруни синаи сардам ту будӣ.

 

Шеърҳои беҳтаринам –

Гӯӣ захми тири тақдиранд дар девони ман.

Шеърҳои дилнишинам –

Нақши сомонанд дар тақдири бесомони ман.

 

Дар гуноҳи мо, ки ғофил мондаем аз ҳамдигар

Зиндагонӣ бегуноҳ аст.

Сабзае гар дар замини бахти мо рӯяд кунун,

Сабзаҳои тирамоҳ аст.

 

Баъд аз ин ҳарчанд бо сад ҷону дил

Зиндагиро дӯст медорем мо,

Аз барои ҳамдигар

Тухми гулро дар замини мурда мекорем мо.

 

Лек дорам орзуе аз туву аз зиндагонӣ:

То ба олам зинда бошам, баҳри ман олам ту бошӣ.

Аввалин шеърам ту будӣ,

Охиринаш ҳам ту бошӣ...

1982

 

* * *

Аз ғурури ту ғурури ман баланд,

Аз ғурури ман ғурури ту зиёд.

Дар миёни ин ҳама печидагӣ

Бо дили гармат дили ман зинда бод!

 

Гар ҷавоният насиби ман нашуд,

Дорам уммед аз ҷавонии дилат.

Бар сари шӯридаю мағрури ман

Кам мабодо меҳрубонии дилат!

 

Ман туро бисёр ғам додам агар,

Ошиқӣ худ шеваи ғам хурдан аст.

Дар миёни дардҳои зиндагӣ

Шодии як лаҳзаро бишмурдан аст.

 

Ман туро як бор гум кардам, вале

Бори дигар гум кунам, маргам беҳ аст.

Баҳри чӣ дар ошиқӣ дил бишканем

Чун варо рӯзе аҷал хоҳад шикаст!

 

Зиндагӣ ободу дунё пойдор

Аз хурӯҷи норизоиҳои мост.

Гар яке бадбахт аз бахти зиёд,

Дигар аз камбахтии худ норизост.

 

Ошиқию ташначашмӣ тавъаманд,

Ишқ гар розист, монад беасар.

Пас, маро дар соҳили дарёи дил

Ташнатар кун, ташнатар кун, ташнатар!

 

Пас, ба сеҳри ҷазбаи чашмони хеш

Дар вуҷуди хокиям сӯзиш фирист.

То насӯзам дар ғами беоташӣ,

Бар дилам оташ фирист, оташ фирист!

 

Ман чӣ дорам? Як дили рамзошно!

Буду нобудам ҳамин як дил бас аст.

Ҳар ками ӯро чу меҳри модарон

Ишқи ту гар мекунад комил, бас аст!

 

Мову ту меҳнаткаши кӯи дилем,

Давлати мо – шӯри беамсоли дил.

Бо тамоми ҷашнҳои рӯзгор

Зинда бодо ҷашни истиқлоли дил!

1982

 

* * *

Ба хаёлам, агар набошӣ ту,

Лаби дарё ғазал намехонад.

Зиндагӣ мешавад нафасгардон,

Шоире мисли ман намемонад.

 

Ба хаёлам, агар набошӣ ту,

Ишқ бесарпараст хоҳад шуд.

Бе ғурури баланди чашмонат

Ҳиммати ишқ паст хоҳад шуд.

 

Ба хаёлам, агар набошӣ ту,

Бори шеърам касод меояд.

Аз ҳама – ҳар чӣ ҳаст дар дунё,

Зиндагиям ба дод меояд.

1982

 

* * *

Ҳамчунон дар тамоми давру замон

Устоди сухан чи кампайдо,

З-устодони туҳмату буҳтон

Зиндагонӣ пур аст, сад ҳайфо!

 

Бо ту хоҳам сафои хонаи чашм,

Оҳ аз чашм-чашми каҷбинон.

Бо ту хоҳам сухан кунам аз дил,

Дод аз дасти ин суханчинон.

 

Бо ту ҷои гурез ноёб аст,

Гарчи зебад ҳама ҷаҳон бо ту.

Оқибат дафтари ғазал дар даст

Мегурезам ба ҷовидон бо ту...

1982

 

* * *

Хуш меҳнатест ишқат, эй меҳнати дили ман,

Хуш санъатест ҳуснат, эй санъати дили ман,

Хуш қисматест дардат, эй қисмати дили ман.

 

Боз омадӣ баногаҳ аз роҳи дилписандӣ,

Боз омадӣ ба шеърам бо ин шукӯҳмандӣ,

Хуш омадӣ ба сина, эй давлати дили ман.

 

Ин дил дар аввали ишқ аз ҳусни ту хабар дошт,

Дар байни обу оташ аз кӯи ту гузар дошт.

Пай бурдӣ ту ба новақт аз сарвати дили ман.

 

Дар ин миёна бе ту гоҳе зи худ гузаштам,

То неку бад шиносам, аз неку бад гузаштам,

К-аз ту ниҳон намонад неку бади дили ман.

 

Акнун ба раҳгузорат ҳар дам намоз орам,

Бар даргаҳи дили ту рӯи ниёз орам,

То рӯзу шаб ту бошӣ ҳамсуҳбати дили ман.

 

Акнун, ки олами ман худ олами дили туст,

Бешу ками дили ман бешу ками дили туст,

Бо ман бимон, ки ҳастӣ ту ҳасрати дили ман.

 

Акнун, ки мешиносӣ буду набуди ин дил,

Акнун, ки худ шунидӣ арзи вуҷуди ин дил,

Бигзор ҳар чӣ бошад дар қисмати дили ман...

1982

 

* * *

Агар ёбам ҷавонии дубора,

Туро, танҳо туро мехоҳаму бас.

Ба ҳар қисмат, ба ҳар қимат, ки бошад,

Туро ҳаргиз нахоҳам дод бар кас.

 

Агар ёбам ҷавонии дубора,

Ба чашми дигарон дунё набинам,

Гули оташ бичинам з-оташи дил,

Ба дасти кӯрзавқе гул начинам.

 

Агар ёбам ҷавонии дубора,

Нахоҳам хӯрд фанди раҳнамоён.

Ба роҳи дил равам, ҳарчанд дур аст,

Хурам ҳарчанд сад захми намоён.

 

Агар ёбам ҷавонии дубора,

Бигӯям бо дилат афсонаи дил,

Бубинам бо ту ҳар чӣ диданӣ ҳаст,

Туро бону кунам дар хонаи дил.

 

Агар ёбам ҷавонии дубора,

Биороям зи ишқат қисматамро.

Дубора гар ту ҳам ёбӣ ҷавонӣ,

Накӯ дарёб қадру қиматамро.

 

Агарҳо, кошкиҳо зинда бошанд –

Тасаллопарварони зиндагонӣ!

Агар ёбам ҷавонии дубора...

Дубора гар ту ҳам ёбӣ ҷавонӣ...

1982

 

* * *

Барои он ҳама дунёи эъҷоз,

Барои он ҳама ангези парвоз,

Барои он ҳама иршоду илҳом,

Барои он ҳама оғозу анҷом,

Барои он ҳама сӯзу гудози ман

Ман аз ту розиям, эй ҳамниёзи ман!

 

Барои он ҳама оташ,

Ки дар ҷони мани девона месӯзад,

Барои он шарори дил,

Ки ҳастии маро мардона месӯзад,

Барои шуълаҳои поксӯзи ишқ,

Ки баъди марг чун шамъи мазори ман

Миёни сатрҳои шеър ҷовидона месӯзад,

Ман аз ту розиям, эй ғамгусори ман!

 

Маро, ки то кунун дониста будам манзили зан чист,

Ту фаҳмондӣ, ки дунёи дили зан чист.

Ту фаҳмондӣ, ки зан дар ишқ монанди Табиат –

Бо маҳу бо офтобу бо ҳама сайёраҳои дуру наздик

Офаринандаст –

Ту фаҳмондӣ, ки зан ҳамчун худованди таоло

Зи пайғамбартарошон сахт безор аст.

 

Ту дар ман баҳри ман дарёфтӣ он махзанеро,

Ки гӯӣ ҳуфрагар

Андар замини ҳафриёти бостон ёбад

Баногаҳ кӯзаи тилло –

Бигирад, пок созад аз ғубору гард,

Ҷилояшро бубинад дар нигоҳи шуълаи хуршед...

Ту дар ман ёфтӣ сад махзани ноёб,

Ту дар ман ёфтӣ сад махзани уммед.

Маро, ки чашмае будам,

Ба дарё ошно кардӣ.

Маро, ки дар замин будам,

Ту ҳамдӯши само кардӣ...

 

Чӣ гӯям боз, эй ҳусни ҳаёти ман?

Чӣ гӯям боз, эй парвози ёди ман?

Барои чашми тобонат,

Барои атри зулфонат,

Барои ҳар сухан,

Ҳар нома,

Ҳар занги телефонат,

Барои хилқати зебопарасти ту,

Барои он, ки ҳастӣ ту,

Ман аз ту розиям, то зиндагиро роҳу манзил ҳаст,

Ман аз ту розиям, то ҳастаму дар синаам дил ҳаст...

1982

 

* * *

Ҳар гаҳ, ки бо туям, рӯҳам пур аз сафост,

Ҳар гаҳ, ки бо туям, ҷонам пур аз навост.

Ҳар гаҳ, ки бо туям, гардун чи раҳмдил,

Қисмат чи меҳрубон, толеъ чи босахост.

 

Ҳар гаҳ, ки бо туям, бахти сафед ҳаст,

Дар зиндагӣ хушо рӯзи саид ҳаст.

Аз атри гесуят ёбам, ки шукри бахт

Аз зиндагӣ ҳанӯз бӯи умед ҳаст.

 

Ҳар гаҳ, ки бо туям, дунё чи тозарӯст,

Ҳар ҷо, ки бингарам, гӯё нишони туст,

Ҳар гаҳ ки бе туям, гардун чи сангдил,

Қисмат чи беилоҷ, толеъ чи зиштрӯст.

 

Ҳар гаҳ, ки бе туям, ман бе ҷавониям,

Ҳар гаҳ, ки бо туям, ман бо ҷавониям.

Ҳар гаҳ, ки бе туям, як фарди фониям,

Ҳар гаҳ, ки бо туям, ман ҷовидониям...

1982

 

* * *

Баҳоре буду маҷнунбеди навбарг

Чу духтар кокулашро шона мекард.

Парастуе, ки ҷои лона меҷуст,

Ту гӯӣ дар дили ман лона мекард.

 

Дарахтон шохаҳои сабзи худро

Ба таъзими замин хам карда буданд.

Ба рӯи раҳ зи рақси нуру соя

Тамошогоҳи хуррам карда буданд.

 

Чи арзон мефурӯшиданд гулро

Сари раҳ баччагони дарсбезор –

Гули мақсуди худ ночида аз умр,

Ба савдои гул афтода ба бозор.

 

Ҳама будем андар кӯю барзан

Ба кокул гул, ба лабҳо хандаи гул.

Ҳама гулчину гулбозу гуландом,

Ҳама арзандаю зебандаи гул.

 

Гулафшон гарди гул мерехт бар сар,

Баҳор он сол авранги дигар дошт.

Дилам дар умри худ як бор гум зад,

Дилам як бор оҳанги дигар дошт.

 

Дилам як бор шӯриду зи худ рафт,

Намедонам куҷо рафту чиҳо кард.

Фақат донам, ки боре рафту умре

Маро бо лаззати дард ошно кард.

 

Кунун баъди хазони даҳ баҳоре,

Ки дар дил дардҳоям таҳнишин шуд,

Кунун баъди пушаймонии бисёр,

Ки саҳву иштибоҳи дил яқин шуд,

 

Кунам фарёд сӯи ёри рафта:

Маро, эй бегунаҳ, дорӣ ту дар ёд?

Ману ту ошиқони сода будем,

Ту будӣ содадил, ман содабунёд...

 

Ало, эй ёри нобӯсидаи ман,

Баҳори сабзи оғӯшат куҷо шуд?

Гирифтам, пичаат ҳоло дуранг аст,

Сияҳгӯши сари гӯшат куҷо шуд?

 

Кунун бо дидаи пурдидаи худ

Агар дар сафҳае номам бихонӣ,

Бидон, ки ман ҳамон гумкардаи ту,

Туро гум кардаму гум шуд ҷавонӣ...

1982

 

* * *

Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ

Маҳ тор танида мебаромад.

Як банд алаф ба пушт пире

Аз кӯҳ хамида мефаромад.

 

Печида ба гесуи дарахтон

Якҷӯр навои чирчиракҳо,

Аз гул ба гуле намепариданд

Дигар ба талош гулпаракҳо.

 

Маҳтоби паридаранги коҳил

Мерехт ба фарқи шохсорон.

Дар олами сояравшани боғ

Будем ду тан зи растагорон.

 

Печида ба ҳам ду сояи мо

Метофт ба сони сояи бахт,

Яксони замин хамӯш мегуфт –

Оё кӣ расад ба пояи бахт?

 

Маҳтоб баланд мешуд аз боғ,

Бар шохи дарахтҳо расида.

Ман дида туро басеву лекин

Гӯё ки ҳанӯз ҳам надида...

 

Бо ин ҳама шукри он нафас бод,

К-аз гардиши осмон рабудем.

Як лаҳза ба кӯчаи дарахтон

Мо ҳам ду дарахти сабз будем.

1982

Дида шуд: 209