Ду масчоҳӣ дар овринг

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Қазоро рӯзи равшан ё намози шом

Агар дар овринге нобаҳангом

Ду масчоҳӣ

Зи дунболи ду маркаб –

Маркаби пурбор бо ҳам рӯ ба рӯ меомаданд,

Агар имкони вопас рафтани маркаб намебуд,

Хару бори касе беқадртар бошад, ба ҷанҷоле наарзад,

Ба дарё, ё ба варта мефиканданд аз сари мардӣ,

Ки то бору хари боқадртар осон гузар созад...

Чӣ ҳикмат дорад ин ҳиммат? Нафаҳмидед?...

 

11.4.1979

Дида шуд: 200