Дар ҷангалистон

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Яке қоматхамида,

Дигаре мавзуну хушқомат,

Яке дар тан варам дорад,

Яке бегурму тансиҳҳат.

 

Яке тоқа, дигар қӯша,

Яке танҳо, дигар ҷуфт аст.

Яке мағруру озода,

Дигар бемояву зуфт аст.

 

Яке аз дур бинмояд басо солору босавлат,

Ба мисли одамони хомфарбеҳ зӯру боҳайбат,

Валекин чун зи наздикаш бубинӣ хуб санҷида –

Дарун ковоку пӯсида...

 

Яке чун беҳунар ҷӯяд ҳамеша муттакои хеш,

Ниҳад бар гардани ёрон ҳама бори гуноҳи хеш,

Зи ҳамнавъон чӣ ӯро эътибор аст?

Чаро бар гардани онон савор аст?

 

Бубинӣ калдарахтеро,

Ки на шоху на баргаш ҳаст.

Валекин бо ҳама афсурдаҳолӣ

На бок аз ҳукми маргаш ҳаст.

 

Зи бехи кундаҳои пудае

Таҳҷастҳо руста

Ту гӯӣ бар мазори модари худ зор мегирянд,

Зи ашки модару

Аз ашки чашми хеш месабзанд пайваста.

 

Бубинӣ навдарахтеро,

Ки дар тан захмҳои ишқ дорад:

Ду ошиқ омада рӯзе ба зери чатри шохи ӯ,

Нишаста уқдаи дилро кушуданд.

Басо аз ишқу паймону вафодорӣ

Ба ҳам афсона гуфтанду шунуданд.

Кашида дар тани ӯ сурати дилро,

Ба теғи тез канда номи худ А ҷамъи Б

Аз ёдгори ошиқишон розӣ рафтанд.

 

... Ҳанӯз аз ҷои захми номи онҳо мечакад зардоб,

Ту гӯӣ ҳамчу ашки номуродӣ мечакад бар хок.

Куҷо рафтанд он ду ошиқи бебок?

Магар дар ёдашон мондаст он қавли вафодорӣ,

Магар дар ёдашон монда суханҳое

Ки дар пои дарахти безабон гуфтанд?

 

Чӣ ҷои пурсишу ковиш?

Ҳама дар ин ҷаҳон дар синаи худ захмҳо доранд.

Аҷаб набвад, ки он ду ошиқи хушком ҳам

Имрӯз нокоманд,

Ва андар синаи худ решҳои бедаво доранд.

Даруни ҷангалистон як нафас биншастаму дидам,

Ба зоҳир ҷумла ҳамнавъанд,

Ҳамранганд,

Ҳамроҳанд.

Ба зоҳир ҷумла аз ҳоли дили якдигар огоҳанд.

 

Вале афсӯс,

Рӯзи воқеа –

Вақте ки бояд тарк гуфт ин дори дунёро,

Миёни ҷумла ҳамнавъон

Ҳама танҳо бимиранд.

 

Дарахтони дигар, то реша андар хоки тар доранд,

Насиби хеш аз дунё бигиранд...

1979

 

* * *

Ҳар чӣ мебинам ба олам шоирона

Дилфиребу дилнишин аст.

Ҳар чӣ мебинам, бароям чун насиба

Аввалин аст, охирин аст.

 

Бингарам бар беди маҷнуни лаби ҷӯ –

Кокулонашро кушодаст.

Бар сари дӯши тавора гӯӣ бар дӯши бародар

Шонаашро такя додаст.

 

Бингарам дар ду дарахти кунҷи ҳота

Чун ду ёри меҳрпайванд.

Ин ба он печидаву он низ бар ин,

Шохаҳо гардан ба гардан.

 

Бингарам бар кӯдаки хуспида ширин

Баъди бозӣ орамида –

Дар канораш тонку шамшеру ба дасташ

Пораи нони газида.

 

Бингарам бар пирамарде: ғаддаеро

Зер карду монд ҳайрон.

Оҳ, меларзад саропои вуҷудаш

Чун пули борику ларзон.

 

Бингарам масте равон аст аз биёбон

Дилгазон аз макру туҳмат.

Муштро бардошта то осмонҳо

Бо касе дорад қиёмат...

 

Бингарам бар осмони пурситора –

Рамзи умру рӯзи шоир.

Бингарам бар гулхани чӯпонӣ дар кӯҳ

Чун дили хушсӯзи шоир.

 

Бингарам бар хештан, бар хилқати худ

Нотамому норасидаст.

Бингарам бар рӯи бархе ҳамзамонон –

Ҳам сиёҳу ҳам сафед аст.

 

Дар ҳама ҷо, дар ҳама кас, дар ҳама чиз

Зиндагӣ басту шикаст аст.

Дар ҳама дил, дар ҳама рӯ, дар ҳама чашм

Зиндагӣ дасти ба даст аст.

 

Ҳар куҷо ҳам солхурда, ҳам ҷавона

Орзуманди ҷавонист.

Он чӣ дар пиру ҷавон пирӣ надорад,

Орзуи зиндагонист.

 

Лек ҳастии мусалсал то бипояд,

Баҳри ҳар кас вопасин аст,

Ҳар чӣ мебинам, бароям зери гардун

Аввалин аст, охирин аст...

1979

 

* * *

Ин ҷаҳони чорунсур аз азал

Бо тарокумҳои бебоконааш

Чошнигирӣ биёмухтам басо

Аз ҳақиқатҳои ҷовидонааш.

 

Дар канори баҳри нопайдоканор

Оби шӯраш хурда, гаштам ташнатар.

Пар кушодам ҳар қадар сӯи уфуқ,

Он қадар дидам, надорам болу пар.

 

Солҳо киштам, дурудам солҳо,

Боз ҳам ин кишт новарзида монд.

Сад ҳазорон бӯсааш кардам, вале

Боз ҳам ин ёр нобӯсида монд.

 

Ҳар қадар дидам ҷамоли зиндагӣ,

Он қадар дидам, ки аъмоям ҳанӯз.

Ҳар қадар бо дилбарон ошиқ шудам,

Он қадар дидам, ки танҳоям ҳанӯз.

 

Гӯиё ман дар лаби як обгир

Акси худро дидаму роҳӣ шудам.

Гӯиё чун гумраҳе аз гумраҳе

Самти раҳ пурсидаму роҳӣ шудам.

 

То бидонистам, ки дунёи ғариб

Бо шукӯҳи рафтаву бозомада

Чун китоби Рӯдакии шоир аст –

Пур зи доғи шеърҳои гумшуда...

1979

 

* * *

Дидаам дилрезаҳое, ки радифи дил нашуд,

Соҳибунвоне басе дидам, яке фозил нашуд.

Зиндагӣ! Гар устоди мо туӣ, бепарда гӯй,

Аз чӣ шогирдони як мактаб ҳама оқил нашуд?!

 

Ошиқе андар сари паймон зи дунё бигзарад,

Шоири бедордил бо ҷони шайдо бигзарад.

Зиндагӣ! Гар раҳбари моӣ, чаро тардомане

Пой тар нокарда аз гирдоби дарё бигзарад?!

 

Чоплусе, ноҷавонмарде қасамҳо бишканад,

Нашканад тарфи кулаҳ, аммо ҷаҳон барҳам занад.

Зиндагӣ! Гар довари якрӯй бошӣ, пас чаро

Аблаҳе аз бом афтад, гардани мо бишканад?!

1979

 

* * *

Чун бубинам, ки сарфарозонро

Зиндагӣ зердасти худ кардаст,

Ноаён бекаманду безанҷир

Ходими пойбасти худ кардаст;

 

Чун бубинам аёлмандеро

Қолаби зиндагӣ фурӯ бурдаст,

Ҷоми ӯ лабшикаставу нима,

Ҷисми ӯ хастаю палакмурдаст;

 

Чун бубинам, ки обрӯманде

Ташнаи оби ҷӯи куҳсор аст,

Дар назар пурсалобату пурдил,

Лек некӯш бинӣ, бемор аст;

 

Чун бубинам, ки обрӯманде

Аҷз дида, тарки орзу кардаст,

Монда дар нимараҳ зи худ розӣ,

Роҳи дигар на ҷустуҷӯ кардаст;

 

Чун бубинам, ки оҳанинзӯре

Гашта зангорхурдаву берӯҳ,

Нобарории хешро дида,

Мехурад май зи ғуссаву андӯҳ;

 

Бингарам чун ба чашми густохон –

Чашмашонро ҳаёт тарсондаст,

Ҷисмашонро гирифта дар қабза,

Мисли шохи дарахт ларзондаст;

 

Гӯям, – эй дӯстон, – муросо чист?

Зиндагиро ба ҳукми худ созед.

Хомию сархамӣ чӣ кор ояд?

Хештанро ба кӯра бигдозед!

 

Одамӣ гар зи хеш розӣ буд,

Ҳикмати зиндагӣ намеомӯхт.

Буд розӣ агар ба оташбарг,

Оташи ҷовидон намеафрӯхт.

 

Одамӣ гар зи буда розӣ буд,

Ганҷи нобударо куҷо меёфт?

Одамӣ гар ба пастӣ қонеъ буд,

Кай нишемангаҳи само меёфт?

 

Зиндагӣ нест ҷои созишгоҳ,

Зиндагӣ ҷои амру фармон аст.

Зиндагонист ҷои сӯзишгоҳ,

Худшиносию шӯру исён аст!

1979

 

* * *

Сабзаи сӯхтаи манзараҳо,

Пояи хушки алафҳои кабуд.

Ё худо, дар бари кӯҳу дараҳо

Дина айёми ҷавоним набуд?

 

Як замон бехабар аз туҳмату қасд

Ману дил ҳар ду як одам будем.

Бо ҳавасҳои ҷавон даст ба даст

Маст аз шавқи домодам будем.

 

Медавидем ба паҳнои баҳор

Ҳама ҷо – манзараи шевое,

То биёбем чу савғои баҳор

Аз таги барф гули зебое.

 

Домани махмалии кӯҳу камар

Рангомезии афсонавӣ дошт.

Мо, ки будем наву тозаву тар,

Ҳама андар назари мо навӣ дошт.

 

Як садо довари ҳақгӯям буд:

Нақд кун, ки ҳама бетакрор аст.

Як садои дигарам мефармуд:

Ғам махур, рӯзи худо бисёр аст...

 

Модарам ҳар нафас огаҳ мекард,

Ки ҷавонӣ чу саломи раҳакист.

Падарам гоҳ санад меовард:

Аввали пирии мо нуҳмаҳагист.

 

Ман вале бо дилу ҷон меҷустам

Шеъри ногуфтаи девонамро.

Аз ҳама рӯи ҷаҳон меҷустам

Орзуҳои парешонамро.

 

То бидидам, ки ҷавониям рафт,

Оламе фахру таманно ба бағал.

Захми дил хурдаву ҳам доғи талаф,

Бебадал рафт дар он радду бадал.

 

То бидидам, ки ба он рангинӣ

Гӯиё бо шабаҳи хотираҳо

Рафт бо духтараке гулчинӣ

Байни ин сардараю подараҳо...

1979

 

* * *

Замони беғубори баччагиям

Аҷаб ғамхорҳое доштам ман.

Ба тоқӣ, дар гиребон, ҷилди болишт

Аҷаб тӯморҳое доштам ман.

 

Наёбам то газанд аз заҳри морон

Яке дандони морам буд тӯмор.

Дигар аз чашми беоҳуи оҳу,

Ки аз чашми бадам бошад нигаҳдор.

 

Яке тӯмор нохунпорае буд

Зи чанголи уқоби осмонгир –

Нигаҳбон аз қазои осмонӣ,

Ҳам аз парвози пасти мурғи тақдир.

 

Яке аз ашки гургам буд тӯмор –

Балогардони ман аз ашки гургон.

Дигар аз чанги хирсам бозубанде –

Зи чанги тези хирсонам нигаҳбон.

 

Беҳин тӯмори ман буд яккатире

Хаташ бо шеър андар ҷилди адрас.

Ба як тӯмор буд ҳам тир, ҳам шеър

Ки гирад пеши роҳи тири нокас.

 

Замони беғубори баччагӣ рафт

Ба он дунёи пурмеҳру навозиш.

Ҳама тӯморҳоро бурд гӯӣ

Ба тоқӣ, дар гиребон, ҷилди болиш.

 

Бирафту ҳеҷ натвонист аз роҳ

Ягон тӯмор бозаш дорад, афсӯс.

Ҳама тӯморҳоро бурд, лекин

Фақат тӯмори тирам монда имрӯз.

 

Варо дар ман набинад ҳеҷ чашме,

Ҳамоно он бувад чун савлати ман.

Валекин мекунам эҳсос ҳар бор,

Ки ӯ дар ман бувад чун давлати ман.

 

Валекин мекунам эҳсос ҳар бор –

Вуҷудам ғарқа дар фавҷи хатоҳост,

Бидон, ки шеъри ман монанди тӯмор

Нигаҳдори ман аз мавҷи балоҳост.

1979

 

* * *

Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу бегоҳ

Садои ошнои ошноҳо.

Ба гӯшам мерасад шабҳо зи куҳсор

Фиғони рӯдҳо дар тангноҳо.

 

Саҳар як талъате ояд ба чашмам

Бипурсад: «Дар чӣ ҳолӣ, шоири ман?»

Мисоли ахтари паррону сӯзон

Фурӯзон бигзарад аз хотири ман.

 

Тамоми рӯз саргарми такодав

Миёни баҳси маҷлисҳои бесуд

Зи шеъре мисрае бар ёдам ояд,

Ки гӯӣ баҳси маҷлис баҳси ӯ буд...

 

Миёни растаи ошуфтабозор

Бубинам рӯи гармерову ҳайҳот,

Натонам гуфт номаш чӣ, куҷоист,

Ва ё чун чеҳраи ӯ монда бар ёд.

 

Шабонгаҳ фориғи рӯзи гузашта

Чу бикшоям китобу дафтарамро,

Зи байни сатрҳо бинам пур аз ашк

Нигоҳи интизори модарамро.

 

Садоҳои шиносу ношиносе

Шабу рӯзон диламро меҳаросанд.

Нигаҳҳои шабаҳранги азизон

Маро дар ҳар куҷое мешиносанд.

 

Миёни он ҳама дидору овоз

Басо гумкардаҳое дорам аз умр.

Садое гар маро мехонад аз ғайб,

Яқин ман ҳам садое дорам аз умр.

 

Садои ман уруҷи он садоҳост,

Ки хомӯшанду печон дар асиранд.

Ҳазорон мурдаро ман зинда дорам,

Намирам то ман, онҳо ҳам намиранд...

1979

 

* * *

Чу ман ҳам одамизодам,

Гаҳе ҷамъу гаҳ ошуфта

Ба роҳи умру шеъру ишқ

Хатоҳое зи ман рафта.

Хатоҳое ба рафтору ба гуфторам.

Хатоҳое ба кирдору ба афкорам.

Ки бар доғи гуноҳонам

Гирифторам, гирифторам.

Ки пеши хеш медонам,

Ки ман умре зи афкори худ афгорам.

 

Вале андешае! Сабре!

Агар рафтам чу шохобе ҷудо аз рӯд

Ба маҷро боз баргаштам.

Чу моҳӣ гар паридам як қади найза зи сатҳи об,

Ба дарё боз баргаштам.

 

Агар бишкаст шохе аз дарахти орзуи ман,

Ба хоки эътиқоди зиндагӣ як решаам афзуд.

Гаҳе як лағзишам беҳ буд аз сад носеҳи тарсу,

Туфайли як хато дар сар ҳазор андешаам афзуд.

 

Миёни баҳсу ҳукми носеҳони қолабӣ дидам,

Ки онҳо низ беш аз ман хатокоранд.

Риёкоранду айёранд.

Вале аз баҳри хаспӯши гуноҳи худ

Дусад баста санад доранд.

Хатокорони аз ман пиртар бояд накӯ донанд,

Ки ман ҳам то замоне чун фурӯ биншинад эҳсосам,

Чу хуни гармам аз фаввораи шавқаш фуруд ояд,

Чу оташҳои пуртоби дарунам бешарар гарданд,

Чу онҳо носеҳи ғамхор хоҳам шуд,

Чу онҳо довари солор хоҳам шуд.

 

Хатокорони беш аз ман хатокарда накӯ донанд,

Ки баҳри як хатои ман

(Шараф бодо ба онон!) низ онон ҳам сабабгоранд;

Ки баҳри як хатои ман

Гунаҳкорони бисёранд...

 

Вале сабре!

Чу рӯзе баршавам бар қуллаи худ,

Шумо, эй носеҳони хурдабини ман!

Накӯ бинед то фарзу яқини ман,

Бибояд бо ҳазорон ранҷ аз он дидгоҳи худ

Ду қулла боз болотар бароед аз мақоми ман –

Вагарна бо чӣ меъёре

Зи пои кӯҳ ҷурми қулларо нодида мебинед,

Шумо эй доварони нотамоми ман?!

 

Ман охир мерасам бар қуллаи худ,

Ки ӯ дар ин ҷаҳон, дар ин замин аст.

Ман Инсон мекунам худро,

Бидонед,

Хатои охирини ман ҳамин аст!...

1979

 

* * *

Агар хоҳӣ, ки навмедам набинӣ,

Бикун боре ба ман мушкилкушоӣ.

Маро як умри бемарге ато кун,

Ба ман омӯз расми бефаноӣ.

 

Агар хоҳӣ, ки дар шеърам набинӣ,

Хазонҳоро чу ранги рӯйзардон,

Ба тобистон масӯзон сабзаҳоро,

Хазонҳоро якояк сабз гардон.

 

Чаро таънам занӣ бар бехудиҳо?

Агар мардӣ, агар бисёр мардӣ,

Бикун ҳамвор аввал роҳҳоро,

Бихоҳ аз ман сипас ҳамворгардӣ!

1979

 

* * *

Ҳарчанд ки вопеш равонам ба раҳи умр,

Бо дилнигаронӣ ба қафо менигарам боз.

Лахте дилу ҷон бурда зи ман умри гузашта,

Бар умри хаторафта хато менигарам боз.

 

Ҳар рӯз, ки бигзашт ба сад фанду ба сад панд,

Некӯ нигарам, буд, барои дили ман буд.

Чун бахт, ки як ояду қадраш нашиносем,

Ҳар рӯзи хатохурда хатои дили ман буд.

 

Як рӯз ба парвоз чу мурғони фирорӣ

Бо таҳлукаи талх зи болои сарам рафт.

Як рӯз чу мӯре, ки кашад дона ба хона,

Бо пайраҳаи танг зи пеши назарам рафт.

 

Як рӯз чу хуршеди паси абри ситабре

Бетобишу бегармӣ паси кӯҳ билағжид.

Як рӯз чу ёрони забонсозу замонсоз

Сад ваъда бубахшиду яке ком набахшид.

 

Он рӯз фақат рӯзи хушам буд, ки дар дил

Як шуъла барафрӯхтаву тобутабам дод.

Он рӯз фақат рӯзи хуши умри сарам буд –

Рӯзе, ки ба рӯзи дигар уммеди навам дод...

1979

 

* * *

Сангро бардоштан душвортар

З-он ки андар варта ғелон кардаӣ.

Шеърро иқрор кардан сахттар

З-он ки инкораш кунӣ бепардае.

 

Бедро битвонӣ бешоҳид бурид,

Тутро аммо буридан дигар аст.

Бояд ин ҷо лоақал ду шоҳиде,

То бигӯяд: тути хушки бебар аст.

 

Обро олуда кардан кори саҳл,

Лек аз нав соф кардан мушкил аст.

Кӯҳро таркондан осон ҳилаест,

Ганҷ ҷустан лек кори оқил аст.

 

Дӯстам, пур табли холӣ мезанӣ,

Нашнавад арзи диле гӯши карат.

Дӯстам, бар қулла гар туф мекунӣ,

Худ чу пастӣ, боз ояд бар сарат...

 

Як сухан сад қавмро як мекунад,

Мефизояд як сухан ҳусни Ватан.

Шоири озода селоварда нест,

Нест ҳам тухми палак тухми сухан.

 

Шоири фарзонаро асру замин

Бар ниёзи хештан меоварад.

Модаре танҳо назояд шоире,

Халқ ӯро баҳри худ меофарад.

 

Як сухан полудаи сад хуни дил,

Зиндагӣ сад чашми як полован аст.

Ман чӣ ҳам гӯям барои чун туе?

Ман чӣ ҳам гӯям? Худ аз худ равшан аст...

1979

 

* * *

Хабар доред оё, ҳазрати Лоиқ,

Ки аз фасли ҷавонии шумо ниме ба ғафлат рафт,

Ки аз ганҷинаи умри шумо ниме ба ғорат рафт,

Ки дуздоне ба номи Ишқу Шеъру Орзуи шуҳрати фардо

Зи пеши чашматон

Ганҷи шуморо мебаранду мебаранд осон?

 

Шумо дар коргоҳи шоирии худ

Миёни дуди танбокуву ашхоси китоби чида дар ҷевон

Ба номаш шеъраке гуфтеду хурсандед.

Шумо аз номаҳои содалавҳи чанд зоҳирбин,

Ки гӯӣ шеъратонро хонда хандиданду болиданд,

Ки гӯӣ шеъратонро хонда ларзиданду нолиданд,

Ба нозу фахр бишкуфтеду хурсандед.

 

Шумо охир

(Илоҳӣ хона-тон бошад пури гандум!)

Чаро бовар кунед осон

Ба таърифу гапи мардум?

 

Шумо аз он касоне нестед охир,

Ки бо гургон бара хурданду бо чӯпон бигирйистанд.

Шумо аз он касоне нестед охир,

Ки аз ҷӯе ҷаҳиданду зи дарёе наёрастанд.

 

Шумо аз саргузашти шеър медонед,

Ки шеъри хубро як бор мегӯянд.

Ки шоир низ дар эъҷоз танҳо чун худованд аст.

Ки шоир бо ҳамон як шеъри хуби аввалину охирини хеш

Ба мисли модарони яккафарзанд аст.

 

Шумо аз саргузашти шеър медонед,

Ки аксар шоири фарзонаи офоқ

Зи худ норозӣ пеш аз марг менолид,

Ки шеъри беҳтарини хешро бар гӯр хоҳад бурд

Ва ё дар гӯр хоҳад гуфт.

 

Шумо боре ба худ оед,

Даме дилро ба рӯи сафҳа бигзореду пурседаш,

Ки оё он ҳама шеъре, ки фармудаст,

Сухан будаст ё бешак суханреза?...

 

Агар ин сон ба мизони хирад санҷед шеъри хеш,

Нишаста рӯ ба рӯтон бериё гӯям,

Ки то ҳоло (маро маъзур медоред!)

Ба ҳован об кӯбидед!

 

Хабар доред оё, ҳазрати Лоиқ,

Ба ҳован об кӯбидед!

Ба ҳован об кӯбидед!

1979

 

* * *

Мардуми деҳ хона месозад ҳама соли дароз

Дар гумонаш хонаи нав оварад иқболи нав.

Гарчи обод аст хона, айб меёбад дар ӯ,

Меканад девори куҳна, мезанад деволи нав.

 

Ҳеҷ агар коре наёбад, меканад дарвозаро

Мешинонад лек онро боз дар ҷои дигар.

Дар гумонаш ҷои дарвоза агар дигар шавад,

Марг раҳгум мезанад дар кӯчаи деҳ дар ба дар...

 

Ҳотааш гулзор, боровар дарахтонаш ҳама,

Лола мерӯяд баҳорон дар сари деворҳо.

Лек ҳар фасли баҳор илмаш намегирад қарор

То нагирад сар-сари деворро сархорҳо.

 

Дар гумонаш ҳар чӣ нав бошад, намеёбад халал,

Гӯиё дар хонаи нав раҳ намеёбад аҷал...

1979

 

* * *

Суруди мавҷдори рӯди Варзоб,

Чароғони хаёлангези соҳил.

Ҳама мастанд дар бустонсароҳо

Ба оби рӯд сар дода ғами дил.

 

Ба рӯи мавҷ нури маҳ шикаста,

Ба нури моҳ ғарқ аст оби дарё.

Ту пиндорӣ ба ҷуз ин рӯди пуркор

Надорад ҳеҷ кас парвои дунё.

 

Чанору беду харсангони бедард,

Вале дарё пур аз дарди гарон аст.

Дили ӯ пур, вале дар рӯи мавҷаш

Чи осон шишаи холӣ равон аст.

 

Шино дорад сабук дар рӯи амвоҷ,

Чӣ дорад шишаи холӣ гаронӣ?

Ба сони ӯ гаҳе дар рӯи обанд

Тиҳимағзон ҳам андар зиндагонӣ.

 

Ба рӯи мавҷ ларзад сояи кӯҳ,

Даруни об куҳҳо сар ба поянд.

Ба соҳил решаҳои обшуста

Ҳама захми намоён менамоянд.

 

Дилам бар ҳоли он дӯлона сӯзад,

Ки гарчи решаковаш карда дарё,

Сари по истодаст орзуманд

Ба дилҷӯиву бахшишҳои дунё...

1979

Дида шуд: 215