Ба шоири инқилобӣ
Сулаймон Лоиқ
Нестӣ ту Лоиқи ғамҳо дигар,
Лоиқи андӯҳу мотамҳо дигар.
Шаҳрбанди худ наӣ, разми туро
Мешиносад ҷумла оламҳо дигар.
Дил ба тӯфони ҳаводис додаӣ,
Дар мадори Инқилоб истодаӣ.
Нестӣ ту Лоиқи афғону оҳ,
Лоиқи исёну тӯфонзодаӣ.
Аз нигоҳат чашми душман хира бод,
Аз гувоҳат рӯзи бадкин тира бод.
Инқилоби чира андар мулки ту
Дар дили ҳар фарди афғон чира бод!
Нест ҳар фарде сипоҳи Инқилоб,
Гирад ӯро охир оҳи Инқилоб.
Дарраи зиндон дари зиндон шавад
Баҳри ҳар нохайрхоҳи Инқилоб.
Он чӣ дар шеърат сурудӣ солҳо
Аз ғами худ, аз ғами ҳамҳолҳо,
Ин замон бикшода ҳамчун Инқилоб
Дар фазои мамлакат шаҳболҳо.
То ба ҷое, ки набарди мардум аст,
Шеър ёри гарму сарди мардум аст.
Шеъри ҳозир нест як вазни арӯз,
Шеъри ҳозир вазни дарди мардум аст.
Шоири пуршӯр ҷӯяд Инқилоб,
Хомааш ҳар лаҳза гӯяд Инқилоб.
Пештар ҳам бештар аз ҳар диле
Дар дили шоир бирӯяд Инқилоб!
Пас ту ҳам, эй шоири шӯридадил,
Бар ҷаҳони зулм зан бонги раҳил.
Ту дар он ҷо инқилоби тоза кун,
Ман дар ин ҷо инқилобатро кафил!
То бибинад халқи афғон сурҳо,
Дар раҳи мақсуд дуродурҳо,
Мефиристам ман суруд аз Панҷрӯд,
Мефиристам ман зи Норак нурҳо.
Мефиристам меваҳои Инқилоб,
Меваҳои шеваҳои Инқилоб.
Мефиристам корвонҳои қатор
Аз сахою аз сафои Инқилоб!
Шоирему мушфиқи халқи худем,
Ошиқони содиқи халқи худем.
Ту дар он ҷо, ман дар ин ҷо, то бақост,
Дар садоқат лоиқи халқи худем.
Мо на танҳо ҳамҷавору ҳамҳудуд,
Ҳамдилему ҳамсафиру ҳамсуруд.
Сӯи ту, эй Лоиқи разму набард,
Мефиристад Лоиқи ошиқ дуруд!
Байни мо меҳру вафову ёрӣ бод!
Дар ҳама Машриқ аламбардорӣ бод!
Байни мо дарёи Ому ҷорӣ буд,
Баъд аз ин дарёи дилҳо ҷорӣ бод!
1.10.1978
* * *
Оҳ, эй дӯшизаи кӯдактабъ,
Ту чӣ донӣ ғами ишқу ғами дил?
Ту зи ман хоҳӣ фақат қофияҷанг,
Бехабар аз алами олами дил.
Пеши ман оиву биншинӣ ба ноз,
Гесувонат зи сару дӯш афшон.
Ту надонӣ, ки ба бозори ҳавас
Ғами дилро нафурӯшам арзон.
Пеши ман оиву хоҳӣ ғазале –
Ғазале, ки ба гувориш асал аст.
Дарди ту гар ҳама аз бедардист,
Дарди ман қисмати рӯзи азал аст.
Ғами ту – даст ба гардан нафасе,
Ғами ман – даст ба гардун бурдан.
Ғами ту – ишқи тунукмояву пуч,
Ғами ман – шоири ошиқ мурдан.
Ғами ту ғамкаҳак асту ғам нест,
Ғами ман мӯҳраи тақдири ман аст.
Ғами ту як нафас аз худ рафтан,
Ғами ман уммати инсон шудан аст...
20.12.1978
* * *
Ту осмони манӣ.
Ва ё
Дар осмони муҳаббат ҳамошёни манӣ.
Ту он таровиши нурӣ,
Ки дар шабони сияҳдил нигоҳбони манӣ.
Агарчи қисмати мову ту достонҳо зад,
Ҳанӯз шеъру ғазалу достони манӣ.
Дар ин сипеҳри садоҳои бенишонии мо
Агар нишони ту бошам, ту ҳам нишони манӣ.
Дар ин ҷаҳони ғалатбоз беғалат боре
Агар ҷаҳони ту бошам, ту ҳам ҷаҳони манӣ.
Дар ин маҳал, ки пасочини боғҳо мондаст,
Ягона меваи уммеду ормони манӣ.
Дар ин ҷаҳони ҷазои «Зи мост, ки бар мост»
Ту ҳам баҳори маниву ту ҳам хазони манӣ...
1979
* * *
Хоҳам биканам номи туро дар тани ҳар кӯҳ,
То аз буни ҳар санг гули номи ту рӯяд.
Хоҳам бикашам тарҳи туро дар варақи санг,
То ҳар варақи санг паёме зи ту гӯяд.
Хоҳам, ки ба каф гираму тифлона бибӯям
Чун кокули ту кокули ин шаршараҳоро.
Аз ҳар чӣ гузаштаст ба ёди ту зи қисмат,
Пурсам ҳама пайроҳаи кӯҳу дараҳоро.
Хоҳам ба лаби рӯди равон ояму пурсам –
Бахти мани густох чаро лаб назад, эй рӯд?
Он ёр гузашт аз бари ту гул ба сари гӯш,
Аз бобати ман бо ту ягон гап назад, эй рӯд?
Хоҳам, ки туро боз чу дар фасли ҷавонӣ
Он гуна тару тозаю озода бубинам.
Худро ба ҳамон шӯхию мағрурию мастӣ
Пеши ту чунон ошиқи дилдода бубинам.
Хоҳам... Бале, он қадр бихоҳам, ки туро боз
Бинам ба ҳамон нашъаи эъҷози муҳаббат.
Оғоз кунам зиндагии шоириямро
Аз нав ба ҳамон лаззати оғози муҳаббат...
1979
* * *
Дар он соат,
Ки барги охирин гулҳои фасли тирамоҳ аз боғу бустонҳо
Ба сад афсӯс пар чинанд,
Ба хилват ёд кун аз ман!
Дар он соат,
Ки оби рӯдҳои тирамаҳ беҳолу бетуғён
Зи соҳилҳо фурӯ шинанд,
Ба ҳасрат ёд кун аз ман!
Дар он соат,
Ки холӣ ёбӣ кунҷи хонаи худро,
Дар он соат,
Ки холӣ аз ғами ширин бубинӣ он дили фарзонаи худро,
Дар он соат,
Ки дунё бо ҳама ҷангу ҷидолонаш,
Дар он соат,
Ки гардун бо ҳама бадру ҳилолонаш
Бароят ҳамчу пуффакҳои дасти кӯдакон
ночиз бинмояд;
Дар он соат,
Ки ин дунёи беоғозу беанҷом
Бароят як нафас поёнпазир ояд,
Ба раҳмат ёд кун аз ман!
Замоне ошиқат будам,
Ҳамин давлат маро кофист!
Касе як лаҳза ошиқ буд, медонад,
Ки дар он лаҳзаи умри худоёна
Тамоми зиндагиро метавон фаҳмиду
ботил кард...
Агар мо розием аз ишқ,
Дунё ҳам зи мо розист.
... Агар шаб ё саҳар нодида чашматро
Бипӯшам чашм аз дунё,
Ту, эй афсонаи ширини умри ман,
Агар номи маро н-орад ба ёдат нағмаи якрези боронҳо,
Ба миннат ёд кун аз ман!
1979
* * *
Ало, эй Шаҳрзоди ман,
Ало, афсонасози умрбоди ман,
Шабе дигар, даме дигар
Бигӯ афсонае аз олами дигар,
Ки шояд аз табутоби дили пурормони ман
Ҳазор оташ фурӯ мурда, табе монда.
Ки аз умри ҳазору як шаби пурдостони ман
Ҳазораш рафтаву шояд шабе монда...
Ба ҷонам ларза меафтад, чу шабҳо
Биандешам зи бозиҳои дунё –
Биандешам, ки дар поёни роҳи пурхатои худ
Туро гум мекунам рӯзе...
Худоё!
Ту аз ман меравӣ он сон, ки рӯзе омадӣ, аммо
Ту аз ман меравӣ он сон, ки нур аз чашм хоҳад рафт,
Ту аз ман меравӣ он сон, ки аз дил шавқ хоҳад рафт.
Ту аз ман меравӣ он сон, ки барфи домани куҳҳо
Баҳорон меравад доманкашон аз ҷо.
Ту аз ман меравӣ он сон, ки бандад кӯч базми булбулони масту шӯрида
Зи бустони хазондида ба гулзори писандида...
Ту аз ман лаҳза-лаҳза дур хоҳӣ шуд,
Фақат дар хобҳову ёдҳо манзур хоҳӣ шуд.
Худоё, ин чӣ ҳазён аст?
Худоё, ин чӣ олоист?
Муроди ман аз ин шеъри пур аз ҳазёну олоӣ
На он буда, ки гӯям шарҳи андӯҳу ҷудоиро.
Муродам буд, то шукри нафасҳои туро гӯям,
Муродам буд, то шукри саропои туро гӯям.
Ва ҳам гӯям,
Ки шояд аз табутоби дили пурормони ман
Ҳазор оташ фурӯ мурда, табе монда...
Ва ҳам гӯям,
Ки аз умри ҳазору як шаби пурдостони ман
Ҳазораш рафтаву шояд шабе монда...
1979
* * *
Ҳеҷ мебинӣ, ки аз тақвими умр
Рӯзҳои хушнафас бигзаштаанд.
Лек дар лавҳи дили мо ёдгор
Сураҳои ошиқӣ бинвиштаанд.
Рӯзҳои некпай бигзаштаанд
Рӯзҳои некёду некфол.
Он яке саршор аз дидори ту,
Дигаре саршор аз ёду хаёл.
Он яке ошуфта мисли рӯҳи ман,
Дигаре монанди ту дамсози дил.
Он яке бигзашт андар баҳси ишқ,
Дигаре дар лаззати парвози дил.
Он яке сар монд дар зонуи ту,
Дигаре бо ту, вале бе ту гузашт.
Он яке бо дарди дил дар сина монд,
Дигаре бедард аз паҳлу гузашт.
Он яке бо ларзаҳои дил бимонд,
Дигаре аз сар чунон ҳушам бирафт,
Он яке омад ба оғӯшам чу ту,
Дигаре чун ту зи оғӯшам бирафт.
Он ҳама рӯзе, ки саршор аз ту буд,
Ёд орам, хотирам гул мекунад.
Тирамоҳи рафтаро ёд оварам
Сафҳаҳои дафтарам гул мекунад.
Рӯзҳо рафтанд аз даргоҳи умр,
Лек ёди атромезат нарафт.
Шуд варақгардон китоби рӯзу шаб
Байтҳои меҳрангезат нарафт.
Ҳар чӣ буд, аз мо буду ёдаш бахайр,
Ки маро бо ту, туро бо ман расонд.
Ҳар чӣ буд, ҳар рӯзи хушсавдои ман,
Бо ту буду бо ту рафту бо ту монд...
1979
* * *
Ширмаҳтоби ғуборолуда.
Хирмани мӯи туву хирмани маҳ.
Бингар он теғаи чун дасти дароз
Чанг андохта бар домани маҳ.
Рӯд аз хандаи маҳ хандонрӯст:
Мавҷҳо хандазанон мегузаранд.
Ханда кун дар лаби дарё, ки ҳама
Охир аз баҳри ҷаҳон мегузаранд.
Чи тазодест дар авзои замин –
Сабзаҳо сӯхта дар соҳили рӯд...
Оташ андоз зи барқи нигаҳат
То барояд зи дили дарё дуд!
Чашми ту мерамад аз дидани ман,
Чеҳраи сабзи ту ботамкин аст.
Мову дарёдиливу ин дарё –
Бахти беранг чи сон рангин аст!
Хоки олам ба сари толеу бахт!
Бингар он доғи рухи равшани маҳ.
Бингар он кӯҳи сарафроз чу ман
Даст андохта бар гардани маҳ...
1979
* * *
Чанд рӯзе бо хумори ошиқӣ
Бо дили ман маст шав, ҳушёр шав.
Чанд субҳ аз рахти атрогини хеш
Бо садои оҳи ман бедор шав.
Дар фарози абрҳои нуқрафом
Пар кушою бо дилам парвоз кун.
Гар дили шӯхи маро гум кардаӣ,
Дар фазои бекарон овоз кун.
Шомгоҳон дар ғуруби абрсӯз
Ёд кун аз сӯхтанҳои дилам.
Субҳгоҳон дар тулӯи хандарез
Ёд кун афрӯхтанҳои дилам.
Ҳарчи оташ дорӣ, афрӯзаш баланд,
Ки маро бо ту ҳисобе мондааст,
К-аз ману аз умри нуронии ман
Чанд рӯзи офтобӣ мондааст.
Баъд... баъди рӯзгори ишқу шеър
Ҷамъ кун бо дасти худ девони ман,
Пас парешон кун варақҳои варо
Дар фазои умри ҷовидони ман...
1979
* * *
Агар ишқи ту мардеро ба манзил бурд, хушбахтӣ.
Зи байни мавҷи тӯфонҳо ба соҳил бурд, хушбахтӣ.
Агар аз синаи ӯ дил рабудӣ дар баҳои дил,
Вагар ишқат варо ҳам бо ғами дил бурд, хушбахтӣ.
Дар аввал гарчи бо нозу итобе сӯхтӣ ӯро,
Дар охир чун чароғи даврае афрӯхтӣ ӯро,
Агарчанде забони инсу ҷинни даҳр медонист,
Ба имое забони ошиқӣ омӯхтӣ ӯро.
Ту он аслӣ, ки сарнақши ҳама эъҷозҳои мост,
Ту он васлӣ, ки пайванди ҳама оғозҳои мост.
Бари рӯи латифат сафҳае аз умри ҷовидон,
Кафи дасти шарифат арсаи парвозҳои мост.
Агар ишқи ту мардеро ҷаҳонӣ кард, хушбахтӣ,
Сазовори ҷавонӣ гар ҷавонӣ кард, хушбахтӣ.
Ҳама бори замонро то ба манзил бурду пеши ту
Ба дӯшаш гоҳ бори дил гаронӣ кард, хушбахтӣ...
1979
* * *
Ман ҷону зиндагии худ, эй ҷону зиндагӣ,
Гар дӯст доштам, зи барои ту доштам.
Камоли Исфаҳонӣ
Ман зиндагии хешро бо ту шинохтам,
Дар оташи нигоҳи ту дилро гудохтам.
Бо ту агар набудаам ҳамбахт дар замин,
Дунёи бахти хеш дар афсона сохтам.
Ҳар шеъри ман таронаи зебоии ту буд,
Аз баҳри ман нишонаи зебоии ту буд.
Дунёнадидаам, вале дар хотирам мудом
Дунёи бекаронаи зебоии ту буд.
Дарди ту ёд дод сухангустарӣ маро,
Омӯхт бар хатои дилам доварӣ маро.
Ҳарчанд бе ту будаам дар рӯзгори хеш,
Наздик кард дурият бо шоирӣ маро...
Акнун ту дар таровати тақрири ман бимон!
Чун нақши норизоии тасвири ман бимон!
Домодию арӯсии мо дер шуд, дареғ,
Эй наварӯси шеър, ба тақдири ман бимон!
1979
* * *
Як шаб аз қисмат гурезам пеши ту,
Бо ҷунуни дил кунам девонаат.
Тарк гӯям ақли дурандешро,
Гум шавам дар олами афсонаат.
Пеши рӯят оварам рӯи ниёз,
Рӯи дунёе насиби ман шавад.
Як шабе аз сад ҳазорон субҳу шом
Ҳусну зебоӣ насиби ман шавад.
Бо ту сӯзам, то насӯзад толеам,
Бо ту печам, то гурезам аз завол.
Бӯсам аз чашми хаёлангези ту
Ҳамчунон дар олами хобу хаёл.
Ларз-ларзон бо ҳама розу ниёз
Гӯш бинҳам бар тапишҳои дилат,
То ба савдои дили девонаам
Номҳо ҷӯям зи дунёи дилат.
Шаб ҳама шаб сӯзиши зебои дил,
Коҳиши ширини ҷони носабур...
Субҳ ояд, ду фаришта пар кашем
Аз канори ҳам ба гардунҳои дур...
1979
* * *
Баҳор мешавад...
Баҳори пурнигор мешавад.
Замини хотироти ман
Бунафшазор мешавад.
Ба ёди нозҳои кӯдаконаат
Дилам хумор мешавад.
Чи рӯзҳо гузаштаанд,
Ки ман туро надидаам.
Чи дардҳо гузаштаанд,
Ки баҳри ту кашидаам,
Ту – бахти ношинохта,
Ситеғи норасидаам!
Туро чу ёд оварам,
Дилам фигор мешавад.
Ту рафтию зи баъди ту
Баҳори гулфишон гузашт.
Ту рафтию ба ёди ту
Ҷавонӣ бенишон гузашт.
Ту рафтию умедҳо
Чу абри осмон гузашт.
Ба чашми хеш дидаам,
Ки ишқ хор мешавад...
Зи осмони ишқи ман
Ту ахтари фитодаӣ.
Ба кӯҳи орзуи ман
Ту кони нокушодаӣ.
Ба базми зиндагониям
Нахурда ҷоми бодаӣ.
Дилам ба ҳаққи ҳусни ту
Ҳамора зор мешавад...
1979
* * *
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Хазонҳо зери по афтода буданд.
Ба зери осмони сарду бемеҳр
Дарахтон урён истода буданд.
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Нишони сабзаву гул ҷуз хасе нест.
Замин коҳидаву рангаш парида,
Миёни дашту саҳро ҳам касе нест.
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Ки дидори гули худрӯ бубинем,
Ки шояд аз баҳорони гузашта
Гули ночидаи худро бичинем.
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Дигар дар ҷӯйҳо оби равон нест.
Чи бас обе гузашта аз сари мо,
Ки аз мо ҳам касе ҳоло ҷавон нест.
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем;
Замин беҳолу ноҳинҷор хуфта,
Вале андар замини толеи мо
Чи гулҳоест ҳоло ношукуфта.
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем,
Ҳама гулбуттаҳо бебарг буданд.
Кӣ медонад, ки андар қисмати мо
Чи гулҳое, ки ғофилмарг буданд...
Ману ту тирамаҳ гулчинӣ рафтем
Ба рағми роҳу расми рӯзгорон.
Ману ту аз баҳорон дер мондем,
Дареғи он ҳама гул дар баҳорон...
1979
* * *
Ман аз чашми ту метарсам,
Аз он чашми пурафсуни ту метарсам.
Чу ҳар дам мешавад кам гармҷӯшиҳои эҳсосам,
Зи ҳусни рӯзафзуни ту метарсам.
Баҳори ман!
Баҳори ошиқии ман гузаштаст.
Туро мебинаму дил андаруни сина метаркад,
Ҳавасҳое диламро чун паланги захмхурда мезанад чангол,
Ба ин ҳоли пареш аз қадди мавзуни ту метарсам.
Чӣ гӯям?
Чӣ гӯям ман, к-аз он ногуфтанам беҳ!
Дилам хоҳад, ки дил бандам,
Вале дар синаам дил нест.
Ҳама тарсанд аз таҳдиди қонунҳо,
Ман аз таҳдиди қонуни ту метарсам.
1979
Дида шуд: 204