Рӯ ба рӯ бо хештан дар хилвати андешаҳо

Муаллиф: Лоиқ Шералӣ

Боз мешӯрад дили ман, боз меларзад вуҷудам,

Боз мегиряд ғурурам, боз менолад сурудам,

Дар ҷаҳони нақду нася –

Ман чӣ будам? Ман кӣ будам?

 

Гоҳ гарди обшорам, гоҳ дарди рӯзгорам,

Гаҳ ба барги гул ғуборам, гоҳ борони баҳорам,

Дар ҷаҳони рафту омад –

Бор дорам? Ё надорам?

 

Гоҳ ҳукме бар сириштам, гоҳ доғи сарнавиштам,

Гоҳ жӯлида ба хокам, гоҳ мурғе аз биҳиштам,

Дар ҷаҳони коғазу гил –

Ман чӣ бинвиштам? Чӣ киштам?

 

Гарчи ман дар як дили худ сад дилеро озмудам,

Гарчи ман дар як дили худ сад ҷаҳонеро кушудам,

Аз нишони хеш метарсам, ки пурсам –

Балки будам? Ё набудам?..

3.1.1977

Дида шуд: 197