Рӯд чун хотири болидаи Варзобдара,
Моҳ чун қоши тилоист ба пешонаи кӯҳ.
Ваҳ чӣ оҳанги илоҳист, ки ояд аз рӯд,
Бесухан арза кунад қиссаю афсонаи кӯҳ.
Ахтарон рехта дар синаи дарё чу шарар,
Дили дарёи барошуфта шарористон аст.
Сояи кӯҳ фитода ба сари шонаи деҳ,
Гули маҳтоб ба оҳанги сабо рақсон аст.
Пардаи шаб чу ҳарирест ғуборолуда
Аз ғубори маҳу гарди гулу намрезаи шаб.
Бахудо, бар дилу ҷон ҳеҷ пазиротар нест
Аз хамӯшии шигифтовари покизаи шаб.
Хотири ҷамъу дили беғаму осоиши рӯҳ
Варзиши рӯду тапишҳои таболудаи дил...
Бо касе гар дили кас об хурад дар лаби об,
Бибарад об тамоми ғами беҳудаи дил...
Лаби ин рӯд касе ояду меъод кунад,
Бахти бедор агар ёфт шавад, хоб куҷост?
Рӯди Варзоб ба табъи дили ӯ хоҳад гуфт:
Пардадории шаби равшани Варзоб куҷост?
1975
* * *
Сӣ баҳори умри ман андаргузашт,
Гӯӣ сӣ рӯди равон хушкидааст.
Лек андар соҳили он рӯдҳо
Боғҳои орзу сабзидааст.
Сӣ баҳори умри ман андаргузашт
Ноаён бо шӯхиҳои кӯдакӣ.
Он мане, ки буд то имрӯз, нест,
Гум шуда чун шеърҳои Рӯдакӣ.
Эй аҷаб, дирӯз ман кӯдак будам,
Дар дилам аз зиндагӣ доғе набуд.
На хатое, на гуноҳе доштам,
Танбеҳе аз ваҷҳи густохӣ набуд.
Эй аҷаб, дирӯз ман кӯдак будам,
Лонаҳо бар кафтарон месохтам.
Аз қафои шабпаракҳои сафед
Рӯзҳо бо кӯдакон метохтам.
Ман ҳам он як чӯҷаи кафтар будам,
Пар баровардам, паридам дар фазо.
Лек меояд ба гӯшам то ҳанӯз
Қум-қуми он чӯҷаҳои бегуно(ҳ)...
Сӣ баҳори умри ман бигзашту рафт
Мисли рӯзони гулафшони баҳор.
Сӣ гули худрӯи умрам хушк шуд
Дар миёни даштҳову кӯҳсор.
Гӯиё бисёр раҳҳо тай шуданд
Дар давоми умри кӯтоҳи сарам.
Гӯиё бисёр кас огаҳ шуданд
Аз замирам, аз дилам, аз хотирам.
Гӯиё ман ҳам кушодам оламе,
Безиён гӯё, ки суде ёфтам,
Ки ба даври хеш чанде булфузул,
Нотавонбину ҳасуде ёфтам...
Бо чунин мардум сари баҳсам набуд,
Дилсияҳ, рӯсӯхта, туршидаанд.
Айбҳову доғҳои хешро
Бо замонасозиҳо пӯшидаанд.
З-ин сабукборони хаскаш нестам,
Мехурӯшам, то садое дардиҳам.
Меравам бо зиндагонӣ по ба по,
То ба пои зиндагонӣ сар ниҳам...
11.6.1975
* * *
То дар ин дунёи навбат ҳаққи навбат бо ман аст,
Сулҳу ҷангам бо тамоми Ҳурмузу Аҳриман аст.
Баҳри шуҳрат нест ҳаргиз шеърпардозии ман,
Шеърпардозиям ошӯбе ба рағми мурдан аст.
Дар миёни ин ҳама ҷонбозию розу ниёз,
Бо ҳама эҳсоси гарму шавқу шӯри дилгудоз
Ман ба ин серӯза дунё ҳадя созам умри худ,
К-аз ҳисоби умри кӯтоҳам шавад умраш дароз.
Ман бар онам, к-ин ҷаҳони обу гил то ҷовидон
Пиртар гардад ба солу чун сухан монад ҷавон.
Ман бар онам, к-одамӣ ҳар қадр комилтар шавад,
Ташнатар гардад ба меҳру сертар гардад зи нон.
Ман бар онам: гарчи раҳ бурдем то сайёраҳо,
Гарчи нуристони бисёре бапо кардем мо,
Шоири равшандиле, соҳибкамоле бештар
Мекунад равшан дили торику ақли тираро...
Гарчи ман ҳам зодаи ин кӯҳсорон будаам,
Ҳамсуруди нағмаҳои обшорон будаам,
Рӯ ба рӯ бо кӯҳ мегӯям: на аз кӯҳи баланд,
Сарбаланд аз ҳиммати озодмардон будаам.
Аз баландиҳои аслию маҷозии башар
Орзуи ман набуда ҷуз баландии назар.
Кӯҳ бе мо ҳам баланд аст, эй бародар, лоф бас!
Фахр кун, гар метавонӣ, аз баландии ҳунар...
Дар замини шеърпарварде, ки дилхоҳи ман аст,
Бар заминҳои ҳама рӯи замин роҳи ман аст.
Ин заминро ман нигаҳбонӣ кунам аз қасди бад,
Дидгоҳи шоириям дидбонгоҳи ман аст!
Ин заминро дӯст дорам бо ҳама мавҷудҳош,
Бо ҳама армону дардаш, бо ҳама мақсудҳош.
Ин заминро дӯст дорам, то ба рӯяш зиндаам,
Баски ҳастам чанд рӯз аз ҷумлаи масъудҳош...
1976
* * *
Он лаҳза, ки дар хонаю дар шаҳр нагунҷӣ,
Дар хонаю дар шаҳр чӣ, дар даҳр нагунҷӣ,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки хуршед ба болои сари туст,
Танҳо зи барои ту чу дасти падари туст,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки дунё ба ту оғӯш кушояд,
Ҳар барг ба дидори ту садбарг намояд,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки бо оина якрӯ бинишинӣ,
Дар дидаи худ шуълаи яздонӣ бибинӣ,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки сар то қадамат оташу нур аст,
Он лаҳза, ки дар чашми ту ҳар санг булӯр аст,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза, ки дар хеш ба биноии дигар
Дарёбӣ ба ногоҳ ту зебоии дигар,
Дарёб, ки ишқ аст!
Он лаҳза бифаҳмӣ, ки туро умр на бод аст,
Беҳуда туро модари бечора назодаст,
Дарёб, ки ишқ аст!
1976
* * *
Рез, борон, рез, борон!
Он чунон ки резад ашки сӯгворон.
Ёлаҳои кӯҳсоронро бишӯ,
Милаҳои шохсоронро бишӯ,
Гарди рӯи раҳгузоронро бишӯ,
Рез, борон, рез, борон!
Рез, борон,
То барояд дар уфуқ рангинкамон,
То давам дар зери борон пои урён,
То биёбам ҷойгоҳашро, ки мегӯянд
Пинҳон аст он ҷо кони тилло...
Ман басо дар баччагиям медавидам
Зери борон
Пои урён
Аз паи рангинкамон,
Кони тиллое ба ҷои ӯ надидам,
Лек дар зери камони ҳафтранг
Дар дили худ ёфтам кони сухан.
Рез, борон
Он чунон, к-аз синаи ман резад эҳсосе ҳазорон.
Рез, борон,
То ки дар тӯри булӯрият фаро гирӣ диламро,
То бишӯӣ он ҳама гарду ғубореро, ки ман
Дар сару рӯям зи роҳи зиндагӣ овардаам,
То бишӯӣ доғҳои синаамро,
Ки ман онҳоро чу муҳри шеъри худ парвардаам.
Ман басо дар роҳҳои зиндагонӣ
Пешпо хурдам ба ганҷи табъи шӯрангези худ.
Ман басо дар худ фурӯ рафтам, ки шояд
Ёбам асрори ҳама буду набуд.
Он қадар аз худ бирафтам, ки ба худ н-оям дигар...
Рез,
Он сон, к-аз сари мо бигзарад ин рӯзгорон...
Рез, борон!
Рез, борон!..
1976
Дида шуд: 248